Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад
@AkhboriTojikistonДаҳаи якуми моҳи сентябр дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, истеҳсоли матоъҳои миллӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адрас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.
Ғолибони фестивал бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, дӯзандагону тарроҳони алоҳидаи вилоят метавонанд иштирок намоянд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»