Дар Душанбе форуми занони кишварҳои СҲШ доир мегардад

Дар Душанбе форуми занони кишварҳои СҲШ доир мегардад


Пагоҳ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” форуми 3-юми занони кишварҳои СҲШ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори радиои “Овози Тоҷик” Мутабар Носирова аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Форуми мазкур роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанбе ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин форуми занони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти унвони “Ҳамоҳангсозии нерӯҳои занон барои мусоидат ба рушди мутақобила” аз 15 то 17 майи соли 2018 дар Пекин, Чин баргузор шуда буд. Форумро котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва Федератсияи байналмилалии занони Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил карданд.

Дар он зиёда аз 200 намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва кишварҳои нозир ширкат варзиданд. Форум, ки дар арафаи нишасти дарпешистодаи Душанбе баргузор гардид, як платформаи беназир барои табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳо байни занони кишварҳои СҲШ мебошад. Он барои кушодани нуқтаҳои нави тамос дар доираи ҳалли вазифаҳои муҳимтарини Платформаи амалҳои Пекин, Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ ва Оинномаи СҲШ мусоидат мекунад.

Бояд зикр намуд, ки зан, пеш аз ҳама, барандаи зиндагӣ, муҳаббат ва меҳрубонӣ, асоси оилаи мустаҳкам ва обод мебошад. Маҳз занон аз рӯи табиати худ метавонанд нерӯе шаванд, ки одамонро муттаҳид созанд. Дар таърих далелҳои зиёде мавҷуданд, ки занон ҷангҳоро бас карда, зиндагии осоиштаро таъмин мекарданд.

Сиёсат санъати якҷоя зиндагӣ кардан аст. Дар ин росто, Созмони Ҳамкории Шанхай намунаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои амният, иқтисодиёт, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, омили субот ва рушди устувори на танҳо кишварҳои узви ин созмон, балки тамоми Авруосиё мебошад.

Ҳадафҳои Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025 ва Ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030 аз бисёр ҷиҳатҳо, аз ҷумла дар масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ, дастрасӣ ба тамоми намудҳои хидматҳо ва ҷузъҳои асосии фаъолияти инсон, мувофиқат мекунанд.

Боиси хушнудист, ки ба шарофати ташаббусҳои ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ ва фаъолияти ҳаракатҳо ва созмонҳои дахлдори занон дар солҳои охир дар доираи СҲШ кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки хатти ҳамкории «занон» инкишоф дода шавад.


____________

Моро пайгирӣ намоед:

Сомона, Facebook, Instagram, Twitter, Telegram

Report Page