«ДУОИ МОДАР»

«ДУОИ МОДАР»

✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ

#Тӯҳфаи_нашриёт

Маҷмӯаи ҳикояҳои нависандаи пуртаҷриба Сафияи Носир бо рухсати нашриёти “Маҳорат” дар Самарқанд рӯйи чопро дид.

Сафияи Носир ҳамнасли нависандагони барҷастае чун Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, шоирони номваре мисли Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар, Лоиқ, Гулрухсор ва мунаққидони нозукбине ба монанди Муҳаммадҷони Шакурӣ, Садрӣ Саъдизода, Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Ҷӯра Бақозода, Юсуф Акбарзода, Хуршеда Отахонова, Ҳамроқул Шодиқулов ва дигарон мебошад. Ӯ ҳамзамон бо ин насли фархеҳтаи илму адаб зиста, бо назокати кори адабӣ ошно шудаву бо шебу фарози сухани бадеӣ хӯ гирифтааст. Ба маънии дигар аз ҳаммаслакони заковатмандаш насри дилангезу андешапарварона, шеъри намакину дилнишин ва нақди дурусту рости моҳиятбинонаро пайваста мутолиа намуда, парвариш ёфта, зеҳни нависандагии худро сайқал ва обутоб додааст.

Инчунин мавсуф ҳамсари нависандаи нуктасанҷ Насим Раҷаб буда, дар хонадони шахсиятҳои баркамоли адабу ҳунар зиста, ки ҳамаи ин дар шаклгирии дунёи нависандагии ӯ мутаассир будааст.

Маҷмӯаи навбатии ҳикояҳои Сафияи Носир бо номи “Дуои модар” мураттаб гардидааст, ки 25 ҳикояи ӯро дар бар мегирад. Дар ҳар яки ин ҳикояҳо, ки қаҳрамонҳои асосии онҳо занону бонувонанд, нависанда дунёи ботинии онҳоро аз нуқтаи назари фарҳангу тамаддун ва ҷаҳоншиносии шарқиёна таҳлилу баррасӣ намуда, хулқу атвор, одобу гуфтор, кордониву муросокорӣ, сариштакориву рӯзгордории онҳоро хубу хотирмон тасвир намудааст. Бо тасвири сирати зан, нависанда савияи маърифату дониш ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншинохтии онҳоро ба намоиш гузоштааст.

Ҳамин тавр ҳар як ҳикоя ва қиссаву романи Сафияи Носир омӯзанда ва таҷассумкунандаи дунёи маънавии инсон, расму одатҳои миллӣ ва ойинҳои неки писандидаи инсонӣ буда, ба хонанда худшиносии инсонӣ ва миллиро талқин менамояд.

Умедворем, ки маҷмӯаи ҳикояҳои “Дуои модар”, ки таҷассумкунандаи дунёи ботинии зан – модар аст ба хонандагони азизи он писанд меояд ва дарси ибрат мегардад.


Анзурати МАЛИКЗОД,

номзади илмҳои филология


https://t.me/DURDONAI_SHARQ




Report Page