Чаро чунин аст?
таҳияи Башир Усмон
Соли охирини таҳсил рӯзе муаллим бо як даста варақ ба синфхона ҳозир шуду онҳоро ба ҳар яки мо тақсим кард. Дар варақҳо номи мавзуъҳои гуногун навишта шуда буд. Муаллим гуфт ҳар кас як мавзуъро интихоб карда, иншо нависад. Ман ки аллакай синнам ба 17 расида буд, дар бораи маънои зиндагӣ ва як силсила саволҳои душвори фалсафӣ фикр мекардам. Бинобар ин, мавзуеро, аниқтараш саволеро барои навиштан интихоб кардам, ки чунин буд: “Чаро ҳама чиз ҳамон таврест, ки ҳаст?”
Иншои ман аз саволҳо иборат буд. Саволҳое, ки ҷавобашонро мехостам бидонам. Медонистам, ки ба ин шакл пешниҳод кардани мавзуъ осон нест ва бисёре аз саволҳо ҷавоб надоранд. Вақте ки иншоямро месупоридам дар ташвиш будам.
Нигарониам аз он буд, ки шарҳ дода натавонистам, “Чаро ҳама чиз ҳамон таврест, ки ҳаст?”
Рӯзи дигар муаллим аз ман даъват кард, ки иншоямро барои ҳамсабақон бихонам. Худаш бошад дар курсии холие дар қатори ҳамсабақон нишаст. Сукут ҳоким шуд ва ман ба хондан сар кардам.
“Падар, модар... Чаро?
Модар, чаро ранги гулҳо сурх аст? Чаро майса ранги сабз дорад, осмон бошад кабуд аст? Чаро тортанак тор метанад, на ин ки хона месозад? Падар, чаро ба ман бозӣ кардан бо асбобҳои шумо, ки дар қуттӣ маҳфузанд, иҷозат нест? Муаллим, чаро бояд ман иншоямро бихонам?
Модар, чаро ман лоғарам? Чаро бояд аз иҷрои баъзе корҳо худдорӣ кунам? Падар, чаро бояд ман айнак бипӯшам?
Модар, чаро ман бояд мактабро хатм кунам? Падар, чаро ман бояд бузург шавам?
Модар, чаро ман дӯстони кӯдакиамро ёд мекунам? Падар, чаро шумо маро ин қадар дӯст медоред? Чаро маро нозпарвард бузург мекунед? Охир, ман дигар хурд нестам.
Модар, чаро ҳамааш он тавре нест, ки мо мехоҳем? Чаро хушҳолӣ зудгузар аст? Чаро андуҳ вуҷуд дорад? Чаро инсон хато мекунад, фирефта мешавад, шикаст мехӯрад?
Падар, чаро ҷавонӣ доимӣ нест? Чаро дар чеҳраи инсонҳо ожанг пайдо мешавад? Чаро ба мӯи сарашон сафедӣ медамад?
Чаро вақте хам мешавам, то гулеро биканам, дастам меларзад?
Худоё, чаро? Чаро садбарг ранги сурх дорад?”
Хонданро тамом карда, ба муаллим нигаристам ва дидам, ки донаҳои ашк оҳиста аз ду бари рӯяш сарозер мешаванд. Ҳамон вақт фаҳмидам, ки зиндагӣ на танҳо аз ҷавобҳо, балки аз саволҳое низ иборат аст, ки мо мепурсем.
Қайд:
Инсон дар зиндагӣ ҳамеша саволҳо дорад, аммо на ба ҳамаи онҳо ҷавоб меёбад. Чун ба саволҳояш ҷавоб наёфт, гумон мекунад, ки зиндагӣ ноқис аст. Вале бояд қабул кунад, ки ҳама чиз ҳамон тавре ки ӯ мехоҳад, нест ва ин ҳам ҷузъе аз ҳаёт аст.