Чанд фоидаи муҳими мутолиаи китоб

Чанд фоидаи муҳими мутолиаи китоб

Баргардонанда аз форсӣ ба кирилӣ, Муҳаммадназар

Ҳамарӯза мо мешунавем ва гоҳо худамон ҳам мегӯем, ки китоб хондан хуб аст. Аммо дар аксари вақт аз фавоиди китобхонӣ ва таъсири он хуб огоҳ нестем. Китоб хондан таъсири боварнокарданӣ рӯйи зеҳн ва фаъолияти инсон дар ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоӣ мегузорад. Дар баробари ин, нафари китобхон дар натиҷаи мутолиа фоидаҳои зиёде ба даст меорад, ки чанде аз онҳоро дар поён барои шумо баён мекунем.

Акс аз “Китобхон”


Таҳрики равонӣ

Олимон мегӯянд, ки монанди моҳичаҳои бадан мағзи инсон ҳам барои қавӣ ва солим мондан ниёз ба тамрин дорад. Хондан барои беҳбуди иртибот байни нейронҳо дар мағз фавқулода кӯмак мерасонад. Коҳиши мағзӣ ва амалкарди мағз як оризаи даврони пирӣ аст. Аммо мутолиаи муназзам мумкин аст боиси кунд шудани ин раванд шавад. Фаъол ва даргир нигоҳ доштани мағз барои коҳиш додани кундзеҳнӣ ва инчунин коҳиши бемории заволи ақл муассир аст.

Акс аз “Китобхон”


Коҳиши изтироб

Ҳангоми хондан шуморо лозим меояд, ки бар рӯйи қаҳрамон ё достони китоб тамаркуз кунед. Ғарқ шудан дар дунёи адабиёт ва омӯзиш ба шумо ин имконро медиҳад, ки худатонро аз изтиробҳои зиндагии рӯзмараӣ дур кунед ва зеҳну бадани худро истироҳат диҳед. Гум шудан дар китоб метавонад як дармони комил барои рафъи изтироб бошад.


Омӯзиш ва ёдгирӣ

Таҳсил арзон нест. Курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва нармафзорҳои омӯзишӣ ва равишҳои дигари омӯзиш қариб ҳама пулакӣ ҳастанд, ки шумо ҳангоми омӯзиш аз ин гуна равишҳо бояд маблағ пардохт намоед. Аммо хондани китобҳои китобхонаҳо бароятон ройгон ба истифода гузошта шудаанд. Китобҳои зиёде дар мавриди мавзӯъҳои гуногун навишта шудаанд ва шумо ҳам агар ба мавзӯъе таваҷҷӯҳи зиёд доред ва майл ба ёдгирии бештари он доред, метавонед аз китобҳо барои омӯзиши он ба тави ройгон истифода кунед.

Акс аз “Китобхон”


Ҳофизаи беҳтар

Китобхонӣ яке аз равишҳои муассири тақвияти ҳофиза ва ҳуши инсон ба ҳисоб меравад. Ҳангоми мутолиа ба он ниёз пайдо мекунед, ки аз моҳичаи ҳофизаи худ истифода кунед ва онро ба як моҳичаи пурқудрат табдил диҳед. Варзиш додани мағзи шумо бо роҳи мутолиа метавонад боиси коҳиш ёфтани суръати заволи ҳофиза шавад.

Шумо ҳангоми мутолиа метавонед маҳоратҳои мухталифе ҳам ёд бигиред, то ҳофизаатонро қавитар кунед ва китобҳои бештар ҳам бихонед. Масалан медонед, ки тундхонӣ чист? Дуруст? Бо ёдгирии маҳорати тундхонӣ иттифоқан китобҳои бштар ҳам мехонед.


Хоби бештар ва бо кайфияттар

Аҳамият доштани хоби кофӣ барои ҳамаи мо муайян аст. Баъзе вақтҳо хеле сахт аст, ки зеҳни нигарони шумо ба чизҳои мухталиф ба хоб равад. Дар ин сурат мутолиа, ҳатто агар даҳ дақиқа бошад ҳам, метавонад ба шумо кӯмак кунад ва омилҳои таъсиррасонро аз зеҳни шумо берун кунад.

Ҳеҷ чизе ба андозаи гирифтани китоб дар даст эҳсоси хоболудагӣ намеоварад. Китоб хондан мисли доруи хобовар аст, ки оромишбахш буда ва хусусан замоне, ки хастаед ва ё изтироб доред, боиси хоб мешавад.

Китоб хондан кайфияти куллии хобро ҳам беҳбуд мебахшад. Аз сабаби он ки мутолиа оромбахш аст ва мизони изтиробро мекоҳонад, шуморо ба хоби амиқ ва ороме фурӯ хоҳад бурд.

Акс аз “Китобхон”


Ҳамдилиҳо зиёд мешавад

Хондан ниёз ба ин дорад, ки бо эҳсосоти шахсиятҳо ҳамдардӣ кунед. Вақте шумо бо шахсиятҳои китоб ҳамдилию ҳамфикрӣ мекунед, нохудогоҳ ҳисси ҳамдилии шумо бештар мешавад. Мутолиаҳо нишон медиҳанд, ки хондани китобҳои тахайюлӣ ба хонандагон кӯмак мекунад то дарк кунанд, ки мардум бештар ба чӣ чизҳое фикр мекунанд ва ба чӣ чизҳое ниёз доранд.

Маҳоратҳои таҳлилатон беҳбуд меёбад

Фарз кунед дар ҳоли хондани китоби ҷиноятковие (детективӣ) ҳастед. Муаммое матраҳ мешавад, то онро ҳал кунед. Ба ин тартиб маҳоратҳои таҳлилӣ ва таҷзияи шумо рушд меёбанд. Хондани як китоби асроромез ва талош барои ҳалли он роз бисёр ҳаяҷонангез ва ҷаззоб аст. Ҳатто агар худатон муамморо ҳал накунед ҳам, бо ин роҳ тафаккури таҳлилӣ ва интиқодиятонро ба беҳтарин шакл ба кор мегиред ва рушд медиҳед.

Акс аз “Китобхон”


Беҳбуди тамаркуз

Дар дунёи имрӯз таваҷҷӯҳи мо ба ҷиҳатҳои мухталиф ҷалб мешавад ва наметавонем, ки тамаркузи худро рӯйи як кор қарор бидиҳем. Яке аз тамринҳои афзоиши тамаркуз китоб хондан аст. Замоне, ки мутолиа мекунед, рӯйи як чиз тамаркуз доред. Бо анҷоми ин кор шумо ба бадан худ омӯзиш медиҳед то аз эҷоди корҳое, ки музоҳими тамаркузи шумо мешаванд, иҷтиноб кунед. Ин тавоноӣ метавонад ҳангоми анҷоми вазоифи дигаре, ки ниёз ба тамаркуз доранд, кӯмак кунад. Ин ҳам яке аз фоидаҳои хуби китобхонӣ аст.


Хондан беҳтарин саргармӣ ва тафреҳ аст

Хондан бисёр арзонтар аз рафтан ба синамо ва бисёр аз дигар навъҳои тафреҳот аст. Дар ҳақиқат хондан дар китобхона ройгон аст. Китобхона доиман дар ҳоли зиёд шудани китобҳо аст ва ҳар рӯз китобҳои бештаре чоп мешавад. Бинобарин ҳаргиз хаёл накунед, ки рӯзе ба нуқтаи поёни хондан мерасед. Китобҳо метавонанд шуморо ба дунёҳои мутафовид ҳидоят ва ошно кунанд.

Акс аз “Китобхон”


Бой кардани захираи луғавӣ

Яке дигар аз фоидаҳои хуби китобхонӣ ин аст, ки калимаҳо ва луғатҳои бештаре ёд мегиред ва дар рафти сӯҳбат ва ё эҷоди матне метавонед аз калимаҳои муносиб ва хуб истифода кунед. Бой кардани захираи луғавӣ ба шиддат бар фанни баёни шумо таъсири мусбат мегузорад. Бинобарин, ба беҳбуди натиҷи корӣ ва иззати нафси шумо боис шуда метавонад. Қарор гирифтан дар маърази асарҳои хубу олӣ метавонад таъсири зиёде ба рӯйи нависандагии шумо низ дошта бошад.

Ҳамчунин, бо беҳтар шудани захираи луғавии худ метавонед эҳсосот ва фикрҳои худро ташаккул диҳед. Нафароне, ки ба хуби аз навъҳои вожаҳои тавсифӣ аз забон истифода мекунанд, ҳамвора мавриди таҳсини бақия қарор мегиранд.

Ин як воқеият аст, ки тавоноии хуб сӯҳбат кардан рӯйи дигарон таъсир мегузорад ва роҳи пешрафтро ҳамвортар мекунад. Доштани захираи луғавии бой ва донистани вожаҳои зиёд заволи ақлиро ҳам ба таъхир меандозад. Бинобарин, ҳарчӣ доираи вожадонии шумо васеътару густурдатар бошад, эҳтимоли саломатии равонӣ дар синни пирӣ болотар меравад.

P.S:

Он чӣ ки мо дар боло овардем, танҳо чанд фоидаи муҳиме буд, ки дар натиҷаи китобхонӣ ба даст меоянд. Дар баробари ин садҳо фоидаҳои дигари китобхонӣ мавҷуданд, ки аз самари мутолиа шумо ба онҳо ноил мешавед.


Report Page