Чӣ гуна як гурӯҳи китобхонӣ ташкил кунем?

Чӣ гуна як гурӯҳи китобхонӣ ташкил кунем?

Баргардонанда аз форсӣ ба кирилӣ Муҳаммадназар
Акс аз “Китобхон”

Шояд шумо аз он дастаи ошиқони китоб бошед, ки ба дунболи мулоқот бо дӯстдорони китоб ҳастанд, ё мумкин аст бихоҳед худатонро ташвиқ кунед, ки китобҳои бештар ва мутанаввеътаре бихонед. Дар ҳар сурат метавонед гурӯҳе аз дӯстонатонро, ки алоқаманд ба даври ҳам ҷамъ шудан ва сӯҳбат дар бораи китобҳо ҳастанд, даъват кунед ва аз онҳо бихоҳед, ки бо ҳам як гурӯҳ ташкил диҳед.

Ташкили гурӯҳи китобхонӣ натанҳо як роҳи саргармкунанда барои лаззат бурдлан аз китобҳо ва мулоқот бо афроди ҷадид аст, балки роҳи олӣ барои дарки дидгоҳҳои ҷадид ва ширкат дар баҳсҳои солим ва афзоиши дониши рӯз низ маҳсуб мешавад. Мо дар ин мақола ба тамоми ҷузъиёт ва чолишҳои марбут ба китобхонии гурӯҳӣ хоҳем пардохт. Аз шумо даъват мекунем то интиҳои ин навиштор бо мо ҳамроҳ бошед.

Ҳадаф аз роҳандозии гурӯҳи китобхонӣ чист?

Қабл аз ташкили гурӯҳи китобхонӣ таъйин кунед, ки чӣ навъ бошгоҳи китобиро мехоҳед мизбонӣ кунед ва ҳадаф аз китобхонии гурӯҳӣ аз назари шумо чист. Навъҳои бешуморе аз гурӯҳҳои китобхонӣ вуҷуд доранд, ки дар ҳавзаҳои мухталиф ва бо аҳдофи мутафовите роҳандозӣ мешаванд. Доштани як ҳадаф метавонад ба шумо дар тасмимгирӣ дар бораи бошгоҳи китобатон кӯмак кунад, бинобарин қабл аз шурӯъи ҳар кори дигаре мутмаин шавед, ки мехоҳед тамаркузатонро рӯйи чӣ чизе бигзоред.

Дар гоми баъдӣ, ҳадафе барои ташкили гурӯҳи китобхонӣ мушаххас кунед, ки чӣ касонеро мехоҳед даъват кунед. Агар бихоҳед мизбони як ҷамъомад фақат барои худ ва дӯстонатон бошед, ё гурӯҳи зиёде аз мардумро гирди ҳам биёваред, муҳим аст, ки бифаҳмед чӣ касоне ба гурӯҳи шумо хоҳанд омад. Гурӯҳҳои бузург метавонанд мавҷи густардае аз идеяҳо ва дидгоҳҳоро ироа диҳанд, аммо гирдиҳамоиҳои кӯчактар метавонанд самимитар бошанд ва ба шумо ин имконро медиҳанд, ки бештар бо аъзои дастаи китобхонии худ ошно шавед.

Акс аз “Китобхон”

Барномаи замони мутолиа

Замонбандӣ ҳамеша яке аз сахттарин бахшҳои роҳандзии китобхонии гурӯҳӣ аст. Дар замони лаззати роҳандозии як бошгоҳи китобхонӣ метавон ба роҳатӣ баъзе аз ҷузъиёти кӯчакро фаромӯш кард, аммо фаромӯшии ин ҷузъиётҳо метавонанд кулли моҷароро хароб кунанд. Мавридҳое монанди шумори ҷамъомадҳои китобхонӣ дар ҳафта ё моҳ, замони мулоқот ва наҳви барқарории иртибот бо аъзои бошгоҳи китобатон дар байни ҷаласаҳо, ҳама мулоҳизаҳои муҳиме ҳастанд. Ин ки чанд вақт як бор якдигарро мулоқот мекунед, мумкин аст ба гурӯҳ ё китобҳое, ки интихоб мекунед, бастагӣ дошта бошад.

Танзими замони мулоқот низ метавонад мушкил бошад ва бо машварати бошгоҳи китоб муҷаддадан танзим шавад, аммо ҳамоҳангии ҳамаи инҳо бидуни роҳе барои барқарории иртибот бо аъзоҳои дигари гурӯҳатон ғайримумкин хоҳад буд. Боз кардани гурӯҳе дар паёмрасонҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, имейл ва тамосҳои гурӯҳии телефонӣ ҳамагӣ гузинаҳои муътабаре ҳастанд. Фақат мутмаин шавед, ки барои барномаи замонбандӣ ва иттилоърасонии он яке аз мавридҳои ёдшударо интихоб кунед, чун дар ғайри ин сурат мумкин аст мизбони як гурӯҳи китобхонӣ бошед, ки ҳеҷ кас аз он иттилоъе надоард.

Интихоби китоб

Интихоби китоб барои бошгоҳҳои китоб метавонад чолишбарангез бошад. Дарки ин ки чӣ навъ иттилоотеро мехоҳед аз китоб ҷамъоварӣ кунед, метавонад дар замони интихоби ҳавзаи мутолиотии куллии гурӯҳ муфид бошад. Пурсидан ва посух додан ба чанд савол қабл аз тасмимнирии ниҳоӣ низ мумкин аст роҳи хубе пеши поятон бигзорад. Саволҳое монанди ин ки чӣ касе аз ин китоб лаззат мебарад ва ё даргири он мешавад? Ё афроди гурӯҳ чӣ навъ иттилоотеро аз ин китоб хоҳанд омӯхт? Оё иттилооти китоб сиёҳу сафед хоҳад буд, ё афрод метавонанд маъноҳои мухталифро ошкор кунанд? Ҳадаф аз интихоби ин китобҳо чист? Ва ... .

Акс аз “Китобхон”

Китобҳои бисёр зиёде вуҷуд доранд, ки хондани онҳо бисёр лаззатбахш аст, аммо иттилооти каме барои мубоҳиса ба шумо медиҳанд ва китобҳои дигаре вуҷуд доранд, ки хонданашон душвор аст, аммо баҳсҳои хубе эҷод мекунанд. Нуктаи муҳим ин аст, ки китобҳоеро пайдо кунед, ки барои баҳс ва хондан лаззатбахш ва ҷолиб бошанд. Яке аз роҳҳои афзоиши шонси мутолиаи ин китобҳо ин аст, ки касе аз аъзои гурӯҳ китоберо тавсия кунад, ки қаблан онро хонда бошад. Албатта метавонед аз пешниҳодҳои зер ҳам барои интихоби китоб дар гурӯҳи китобхонии худ истифода кунед:

- Ҳар фард ба навбат китоберо интихоб кунад ва агар ихтилофи назари ҷамъӣ вуҷуд надошта бошад, ҳамон китоб хонда шавад;

- Як нафар масъули овардани масалан 3 китоби интихобӣ ба ҷаласа бошад ва гурӯҳ тасмим бигирад, ки кадомро бихонед;

- Ҳар кас як пешниҳод бидиҳад ва сипас гурӯҳ мувофиқат кунанд, ки кадом гузинаҳо барои хондан беҳтар ҳастанд ва ба ин тартиб то чанд моҳи оянда китобҳо барои хондан муайян мешаванд;

- Мавзӯъе интихоб кунед ва аъзои гурӯҳ бар асоси ин мавзӯъ нависанда ва жанри китобҳои марбут ба он мавзӯъро пешниҳод диҳанд;

- Аз гир афтодан дар пайроҳа худдорӣ кунед, агар чанд китоби охир, ки хондаед, достонии муосир будааст, шояд беҳтар бошад як интихоби ғайридостонӣ дошта бошед. Агар ҳатто достонҳои торихӣ зиёде хонда шуда, дар мавриди як китоби фантазия чӣ тавр фикр мекунед? Бархе аз жанрҳо нисбат ба соири дигар, китобҳои муносибтаре барои баҳс ва гуфтугӯ тавлид мекунанд, аммо ҳар жанр китобҳое дорад, ки интихоби хубе барои китобхонии гурӯҳӣ маҳсуб мешаванд;

- Ба дунболи тавсияи китобдорҳои китобхонаҳо ё фурӯшандаҳои китобфурӯшӣ бошед. Аксари китобхонаҳо феҳристҳое аз навъҳои китобҳои тавсияшуда доранд ва бисёре аз китобдорҳо ва фурӯшандаҳо хушҳол мешаванд, ки бо шумо ва гурӯҳатон барои ёфтани китобҳое, ки эҳтимолан аз онҳо лаззат мебаред, ҳамкорӣ кунанд;

- Баъид аст, ки ҳама дар ҳар бор интихоби китоб ба тавофуқ бирасанд. Пас аз ташкили гурӯҳи китобхонӣ вақте аъзои ҷадид ба он мепайванданд, диққат кунед, ки китоби интихобӣ, аксарият раъйро ба ҳамроҳ дошта бошад. Ин кор аъзоро ташвиқ мекунад бо жанрҳо ва нависандагони ҷадид бо зеҳне боз рафтор кунанд ва ба хондан ва пайвастан ба гурӯҳи шумо ташвиқ шаванд;

- Китобҳоро ҳадди ақал ду ҷаласа қабл аз замони мутолиа интихоб кунед, то замони харид ё қарз гирифтани китоб ва хондани китобро дошта бошед. Бархе аз гурӯҳҳои китобхонӣ мутолиаи кулли соли худро дар як ҷаласа барномарезӣ мекунанд ва бархеи дигар тарҷеҳ медиҳанд фақат чанд китоб ҷилавтарро муайян кунанд. Мегӯянд, ки 40 фисад аз гурӯҳои китобхонӣ ҳадди ақал чор моҳ қабл барномарезӣ мекунанд;

- Аз пойбанд шудан ба китобҳое, ки қарор аст замони дуртаре хонда шаванд, бипарҳезед, чун эҳтимол дорад хулқу хӯ ва алоқаҳои гурӯҳ дар тӯли замон тағйир кунад ва ногаҳон худатонро даргири хондани китобе ёбед, ки дигар мавриди алоқаи ҷамъ нест;

- Ҳадди ақал барои чанд ҷаласаи аввал китобҳои маъқулеро ҳамроҳ бо роҳнамои чӣ гуна хондани онҳо омода кунед;

- Дар ибтидо беҳтар аст китобҳоеро интихоб кунед, ки роҳнамои баҳс ва гуфтугӯ доранд. Роҳнамои баҳс, ки ба унвони роҳнамои хондан низ шинохта мешавад, натанҳо роҳҳои ҷолибе барои гуфтугӯ фароҳам мекунад, балки нишон медиҳад, ки ин китоб эҳтимолан интихоби хубе барои бошгоҳҳои китоб ва гурӯҳҳои китобхонӣ аст.

Акс аз “Китобхон”

Пайвастани аъзо 

Далелҳои бисёр хубе барои узвият дар як гурӯҳи китобхонӣ вуҷуд дорад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки маъмулан пайвастани афрод ба як гурӯҳи мутолиаи китоб ба далоили зер аст:

- 95 дарсад аз аъзои гурӯҳҳои китобхонӣ чизҳоеро мехонанд, ки маъмулан то замони пайвастан ба гурӯҳ нахонда буданд;

- 84 дарсад аз аъзо ба далели узвият дар як гурӯҳи китобхонӣ эҳсоси иртиботи бештаре бо афроди дигар доранд;

- 71 дарсад гуфтанд, ки саломатии равонии онҳо беҳбуд ёфтааст;

- 72 дарсад гуфтанд аз замони пайвастан ба гурӯҳ барои китобхонӣ матолиби бештаре мехонанд;

- 71 дарсад гуфтанд вақте дар гурӯҳ дар бораи китоб ё матне баҳс мекунанд, аз хондан бештар лаззат мебаранд;

Таҳқиқот ҳамчунин нишон медиҳад, ки ширкат дар гурӯҳҳои мутолиаи муштарак ба афзоиши оромиш, тамаркуз, беҳбуди кайфияти зиндагӣ, эътимод ба нафс, иззати нафс ва ҳамчунин эҳсоси рӯйкард ва муштарак марбут аст.

Баргузории ҷаласа (ҳузурӣ ё маҷозӣ)

Бархе аз бошгоҳҳои китоб ҳам ба сурати маҷозӣ ва ҳам ҳузурӣ иҷро мешаванд, ё баҳсҳои онлайн ва ҳузуриро ба таври пай дар пай анҷом медиҳанд, ё ҳардуро ҳамзамон иҷро мекунанд. Ба ин фикр кунед, ки чӣ чизе барои гурӯҳи китоби шумо беҳтар амал мекунад. Агар ҳузурӣ мулоқот мекунед, ниёз ба як макони роҳат ва амн доред. Агар фақат худатон ва як ё ду нафари дигар ҳастед, гузинаҳои шумо тақрибан бепоён аст: қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва ҳатто хонаҳои якдигар ҳама гузинаҳои олӣ ҳастанд. Аммо агар ба дунболи фазое барои як гурӯҳи бузургтар ҳастед, бояд манотиқи умумӣ ё хусусиро дар назар бигиред.

Барои баргузории ҷаласаҳо бояд мавзӯъ ва нависандагонеро, ки интихоб мекунед, барои аъзо матраҳ кунед. Оё дар бораи матнҳои адабии ҷиддӣ мутолиа хоҳед дошт, ё китобҳои сабук? Достонҳои кӯтоҳ ё осоре аз муҳоҷирони даҳҳаи 1920? Ин тасмим бар рӯйи аъзои бошгоҳи китобхонии шумо таъсир хоҳад гузошт. Ҳамчунин, барои баргузории ҷаласаҳои китобхонии гурӯҳии ҳузурӣ бояд теъдоди ширкаткунандагони гурӯҳро ба ададе маҳдуд кунед, ки метавонед ба таври маъқуле мизбонӣ кунед. Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки теъдоди беш аз ҳадди ширкаткунандагон метавонад мунҷар ба афзоиши гуфтугӯи мутақобил ва шиддат гирифтани баҳсҳо шавад.

Агар ҷаласаҳои шумо ҳузурӣ ҳастанд, бояд вазоифи мизбониро байни аъзои гурӯҳ тақсим кунед. Ҷаласаҳои ҳузурӣ як роҳи олӣ барои мулоқот бо афроди ҷадид ва тоза нигаҳ доштани муколамаҳо бо афроде бо дидгоҳҳои мухталиф аст. Аммо таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ширкат дар ҷаласаҳо фақат барои аъзои бошгоҳи китоб иҷозат ва мумкин аст. Бинобарин, хонаро аз ҳамсар, аъзои хонавода ва ҳамутоқиҳое, ки дар ҷаласа ширкат намекунанд, холӣ кунед. 

Ҳангоми созмондиҳии ҷаласаҳои ҳузурӣ ё онлайнӣ эҳтиёт кунед. Теъдоди зиёди ҷаласаҳо (мисол, беш аз як бор дар ҳафта ё моҳ) мумкин аст боиси озори аъзои гурӯҳ бошад. Ҳамчунин, беҳтар аст, ки ҷаласа беш аз ду ё се соат тӯл накашад. Қоидаи куллӣ ин аст, ки 30 дақиқа барои сарфи чойнӯшӣ ва мулоқот бо дӯстон, як соат то 90 дақиқа барои як баҳс ва 30 дақиқаи поёнӣ барои баҳси ғайрирасмитар ва муошират барномарезӣ шавад.

Акс аз “Китобхон”

Баҳсу назар перомуни китоб аз ҳадафҳои ташкили гурӯҳи китобхонӣ

Дар як гурӯҳи китобхонӣ бояд мубоҳисаҳо сохторе дошта бошанд, ки ниёзҳои ширкаткунандагонро бароварда кунад. Албатта, теъдоди ширкаткунандагони ҳар бошгоҳ бар фаъолиятҳои эҳтимолӣ, мубоҳисаҳо ва самимияти гурӯҳ таъсир мегузорад. Содатарин роҳ барои баҳс ва ибрози назар перомуни китобҳо ин аст, ки як хонандаи фаъъол бошед ва саъй кунед аз нуктаҳои ҷолибе, ки мешунавед, ёддоштбардорӣ кунед ва зери қисматҳои ҷолибе, ки мехонед, хат бикашед. Ҳамеша саволҳои худро аз қабл омода кунед ва бархе аз нақлу қавлҳоеро, ки мехоҳед дар бораи он баҳс кунед, дар зеҳн дошта бошед. Бархе аз саволҳое, ки метавонанд ба ҷаззобияти баҳс перомуни китобҳо кӯмак кунанд, иборатанд аз:

- Бахши мавриди алоқаи шумо кадом буд?
- Оё китобро то интиҳо хондед, ё бахшҳое аз онро нотамом гузоштед?
- Кадом саҳна бештар дар зеҳни шумо нақш баста?
- Назари шумо дар мавриди навишта чист? Оё ҷумалоти барҷастае дар китоб вуҷуд дорад?
- Оё қисматеро дубора хондед? Агар чунин аст, кадом қисмат?
- Оё мехоҳед китоби дигаре аз ин нависанда бихонед?
- Оё хондани ин китоб ба рӯҳияи шумо таъсир гузоштааст? Агар бале, пас чӣ гуна?
- Чӣ чизе шуморо бештар дар мавриди китоб шигифтзада кард?
- Назари шумо баъди хондани ин китоб чӣ гуна тағйир кард?
- Агар битавонед чизе аз нависандаи ин китоб бипурсед, чӣ хоҳад буд?
- Унвони китоб бо матолиби китоб марбут аст? Агар метавонистед унвони ҷадиде ба ин китоб бидиҳед, ин унвон чӣ буд?
- Оё ин китоб хуб арзёбӣ шуда, ё дасти кам гирифта шудааст?
- Оё ин китоб шуморо ба ёди китоби дигаре андохт?
- Ин китоб чӣ таъсири муҳиме рӯйи шумо гузошт? Фикр мекунед чанд моҳ ё чанд соли дигар онро ба хотир хоҳед овард?
- Оё ба хондани муҷаддаи он фикр мекунед?
- Бештар дӯст доред ин китобро чӣ касе бихонад?
- Оё саволҳое дар китоб вуҷуд доштанд, ки то ҳол ба онҳо фикр мекунед?
- Оё китоб ба назари шумо асил буд? 


Сухани поёнӣ

Дар ин мақода дар бораи чӣ гуна ташкил кардани як гурӯҳи китобхонӣ ва наҳваи ҳамоҳангӣ барои китобхонии гурӯҳӣ сӯҳбат кардем.


Матн аз хатти форсии аҷдодии мо ба криллӣ баргарон шудааст.

Манбаъ: https://patoghketab.ir/blog/how-to-form-a-reading-group


P.S: Саволҳое ба хонандаи ин матлаб:

Оё шумо ҳам гурӯҳи китобхонии худро доред, ё доштед?

Агар надоред, сабаб чист, ки то имрӯз як чунин гурӯҳеро ташкил накардед?

Дар Тоҷикистон чунин гурӯҳи китобхониеро вохӯрдаед?

Report Page