Боз меоем...
Башир Усмон
Ҳуҷра тангу нимторик буд. Фарши сангинаш чунон сард буд, ки ҳар ду пойямро ба қафо, ба зери курсӣ кашида, кафи пойҳоямро боло бардоштам, то ки таъсири сардӣ камтар бошад.
Дар кунҷе аз ҳуҷра кати бараш борик ҷой гирифтааст ва рӯйи он зане. Марди миёнақади гандумранг, ки мӯву мӯйлаби мошубиринҷ дошт, аз тарафи рости мо ба курсие нишаста, моро “хуш омадед” мегуфт.
‒ Садқаи қадамҳоятон, бачаҳои бовафо, нағз кардед, ки омадед.
Зан рӯйи кат зонувонашро бо ду даст баста, ғунча шуда нишастааст ва бомеҳр ба ману апаам менигарад. Апаам Нисо низ бо лабханди меҳр ба ӯ ҷавоб мегардонад.
‒ Вақтатон хуш аст, муаллимаҷон? Чӣ ҳол доред? ‒ ниҳоят пурсид апаам.
Аммо зан дар ҷавоб сарашро такон дод. Дидам, ки сараш баробари ҳаракат додан меларзад.
Мард, ки ба кат наздик нишаста буд, даст ба пичаҳои сафедгаштаи зан бурда, сарашро сила кард.
‒ Ҳаракатҳояш ларзонак шудаанд, хоҳаракамро. Бисёр фикр мекунаду ғам мехӯрад, ‒ гуфт ӯ, ки овозаш гиряолуд берун омад.
Дар чашмонаш донаҳои ашк пайдо шуданд. Зан оби бари рӯйи мардро бо дасташ пок карда, сарашро ба китфи ӯ гузошт ва овози номафҳуме баровард.
‒ Майлаш, майлаш... ана бас кардам, ‒ гуфт мард бо лабханд ва шарҳ дод:
‒ Мегӯяд, ки гиря накун.
Чашмони апаам низ нам гирифтанд. Вай аз ҷой хесту рафт бари зан ва аз китфони лоғараш ба оғӯш гирифта, аз рухсораҳояш бӯсид.
‒ Ҷон муаллимаҷон, қурбони номатон.
Аз меҳрубонии апаам зан низ мутаассир шуд. Овози номафҳумаш гиряолуд баромад. Онҳо якдигарро оғӯш кашиданду ашк рехтанд.
Барои ҳавои ғамангезро бартараф кардан ман гулӯ рӯшан кардам. Шумо бародари Нисоҷон ҳастед-а?
‒ Бале, амак.
‒ Муаллимааш доим талаб мекард, ки дафъаи дигар ки омадӣ, бародаратро ҳам биёр.
Боз овози зан шунида шуд, ки ба ман нигариста, бо ангушт ба рӯяш ишора мекарду чизе мегуфт.
Мард табассум намуд.
‒ Мегӯяд, ки додарат ҷавони зебо будааст... Нағз кардӣ, ки ӯро овардӣ.
Ман муаллимаро дар мактаб ёд надорам. Роҳбари синфи апаам будааст, апаам беҳад дӯсташ медорад. Мудом аз меҳрубониҳояш нақл мекунад. Дар мактаб апаамро бо либоси тунук бинад, камзӯлашро бароварда мепӯшондааст, мудом мепурсидааст, ки шикамаш сер аст ё гурусна...
‒ Чанд вақт боз беморанд? ‒ оҳиста пурсидам аз мард, то ки муаллима нашунаваду зиқ нашавад.
‒ Баъд аз он ки бо ҳамон мард ба шавҳар баромад... ‒ гуфт мард.
Муаллима вақти дар мактаб кор кардан бо марде шинос шуда, оиладор мешавад.
‒ Шавҳараш марди хуб буд, аммо баъдан ба майпарастӣ дода шуд. Ҷигараш аз ин заҳр сӯхт ва оқибат ҷонашро гирифт, ‒ афзуд бародари муаллима, ‒ Ӯро беҳад дӯст медошт, он қадар ки барояш ба мурдан розӣ буд. Ин беморӣ ва лакнат пайдо кардани забонаш натиҷаи ҳамон издивоҷу дӯстдорист... Шояд аз даргузашти шавҳараш тарсид ё чизе дигар, ки ҳамин тавр шуда монд. Пас аз он ки ҳамсари ман ҳам раҳматӣ шуд, худамро ба нигоҳубини хоҳаракам бахшидам. Шукр, кӯдакон калонаку дастёр шудаанд, аз аммаашон ғамхорӣ мекунанд.
Хона ҳавои гиряву ғам гирифт. Мард нақл мекарду зан ҳиқ-ҳиқ мегирист. Апаам муаллимаашро тасалло медод. Мехостам ҳар чи зудтар биравем, то бо ҳузурамон аз ин зиёд азияташон накунем.
Аз ҳуҷраи дигар садои хандаи кӯдакон ба гӯш мерасид. Духтараке ба додару хоҳараш афсонаи шӯхе нақл дошт...
Ба апаам ишорати рафтан кардам. Сар ҷунбонд, ки бале, меравем.
‒ Хайр, муаллимаҷон, ба диданатон боз меоям.
Муаллима аз гардани апаам маҳкам дошта, ӯро оғӯш гирифт ва гирён шуд. Мард низ аз дидани манзара мутаассир гашт.
Хайрухушкунон ҷониби дар омадем.
Ҳар се фарзандони мард дар паҳлӯяш рост истода, моро гусел мекарданд.
Апаам ба ман ишора кард ва ман лифофаеро, ки бо худ оварда будам, рӯйи ҷевони назди баромадгоҳ гузоштам.
‒ Лозим мешавад, ‒ гуфтам ба мард.
Ташаккур гуфт.
‒ Сардиҳои зимистон паси сар шаванд, боз меоем... Баҳорон боз меоем... Албатта, меоему муаллимаро ба тамошо мебарем, ‒ гуфт апаам ба мард ва бо овози баландтар, то ки муаллима шунавад, илова кард: ‒ Омода бошед, муаллимаҷон, баҳор меоему шуморо ба тамошои гулҳо мебарем...
Аммо то баҳор вақт бисёр буд...