Бо маблағҳои грантӣ Тоҷикистон 3,4 млн вояи ваксина харидорӣ мекунад

Бо маблағҳои грантӣ Тоҷикистон 3,4 млн вояи ваксина харидорӣ мекунад


Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) оид ба маблағгузории Лоиҳаи “Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором” ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки маблағи умумии лоиҳа 26,8 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 млн доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 млн доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

“Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 млн воя (доза) бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст”-менависад сомонаи Вазорати молия.

Бояд гуфт, ки 21 май низ маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки Ҷаҳонӣ барои ҷудо намудани маблағгузории иловагии “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” дар ҳаҷми 21,2 млн доллари амрикоии грантӣ баргузор гардида буд.

Маблағгузории иловагӣ барои дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат тавассути харидорӣ намудани ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19, воситаҳои ҳимояи шахсӣ, воситаҳои ташхиси COVID-19, таҳкими заминаи институтсионалии соҳа барои таъмини густариши бехатар ва самараноки ваксинаҳо, дастгирии системаи иммунизатсия ва таълими кормандоне, ки ваксинатсия мегузаронанд, пешбинӣ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи Лоиҳа харид ва таҳвили таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла истгоҳҳо барои пуркунии оксигени адсорбсияи кӯтоҳдавра, харидории воситаҳои терапевтӣ барои табобати COVID-19 ва хариди ваксинаҳо бар зидди сурхак, паротити эпидемикӣ ва дигар сироятҳои мавсимӣ барои эҳтиёҷоти барномаи эмгузаронии нақшавӣ дар назар дошта шудааст.Ҳамзамон, дар доираи гранти болозикр пардохти кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони хӯрдсол ва маъюб доранд, инчунин насби системаи иттилоотии кумакҳои иҷтимоӣ ҷиҳати тақвият бахшидани иқтидорҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.


____________

Моро пайгирӣ намоед:

Сомона, Facebook, Instagram, Twitter, Telegram

Report Page