Баста
(таҳияи) Башир Усмон
(Чанд сол пеш буд. Дар рӯзномаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион хабари ба қуттии партов афканда шудани тифли навзоде нашр шуд. Мутаассифона, модаре, ки тифли навзодашро ба дохили халтаи селлофанӣ гузоштаву партофт, бо ин иктифо накарда буд...)
Хато кардӣ, медонам. Аммо кош намекардӣ!
Бароят ҳатто афсӯс хӯрда наметавонам. Аз дастам намеояд, охир...
Ангуштаконам хеле кӯчак ва ҳамон қадар заифанд, ки чизеро қапида тавонам.
Зӯрам ҳатто ба кушодани даҳонам намерасад, аммо шукр, ки метавонам бо чашмонам гап занам.
Ба ман гуфта буданд, ки “Вақте гурусна мондӣ, туро модарат сер мекунад, ӯ ба ту шир медиҳад... Туро бузург мекунад, ба қувват гирифтанат ёрӣ мерасонад...”
Ҳоло бигӯ, ки чаро ширам надодӣ?
Гуфтанд, модарон ҷигарбандони худро дӯстдорӣ карда, ба сару рӯяшон бӯса мезананд.
Чаро аз бӯсаҳоят маҳрумам кардӣ?
Боз гуфта буданд, ки дар як тарафам ту дар тарафи дигар падарам меистад.
Ақаллан, ту модар, чаро паҳлӯям наистодӣ?
Мунтазири хобидан дар як бистари ноз будам, аммо маро ба партов андохтӣ.
Ман ки гармии оғӯшатро орзу мекардам, дар сардтарин рӯзи зимистон маро бараҳна гузоштӣ.
Бо вуҷуди ин туро мебахшам.
Ба ҳамааш розӣ будам, аммо намедонам, ки чаро даҳонамро бастӣ.
Бовар кун, фарёд намезадам. Охир, аздусар, зӯрам намерасид.
Хатоятро ҳам ба касе намегуфтам.
Як бор, танҳо як бор даҳонамро мекушодӣ ва он бандинаи часпакро аз рӯи лабонам мебардоштӣ, ба ту гуфтанӣ доштам. Мехостам бигӯям:
“Туро дӯст медорам, модар! Маро партоӣ ё ба мурдан ҳам тарк кунӣ, туро дӯст медорам!”