Баргҳо. Башир Усмон

‒ Ҷон кандан сахт аст, оча?
‒ Ту ин чизҳора фикр накун, духтарам.
‒ Марг чӣ? Талх аст?
‒ Марг рангу мазза надорад.
‒ Хай бигӯ, ҳини мурдан азоб мекашам?
‒ Ту ҳангоми таваллуд ҳам азоб кашида будӣ, вале ёд надорӣ.
Хомӯшии шабонаи беморхонаро танҳо садои қадамҳои ҳамшираи навбатдор, ки дар долон роҳ мегашт, халалдор мекард. Дар шуъбаи бемориҳои саратон, аз тирезаи ҳуҷраи 33-юм маҳтоб нурашро гӯё боэҳтиёт ба фарши рангпарида мерехет. Кати оҳанини Марям дар гӯшаи ҳуҷра, назди тиреза ҷойгир буд. Дар мизи хурди назди кат доруҳои гуногун қатор чида шудаанд: сафед, сабз, зард...
Чандест ӯро фикрҳои тарсовар дар бораи марг азоб медиҳад. Саволҳои зиёде дар зеҳнаш ғарам шудаанд. Мехоҳад аз ҳар касе, ки ба аёдаташ меояд ‒ аз духтур, аз шавҳараш, аз модараш ҷавоби онҳоро бипурсад. Охир, аз фикру хаёли марг, аз чӣ гуна расидани он соати мавъуд халос шуда наметавонист.
Марям, ки рангаш чун коғаз сафед шуда буд, бо чашмони нимпӯш ба шифт менигарист. Модараш дар курсии пластикии назди кат нишаста, гоҳ-гоҳ пешонии ӯро бо рӯймолча пок мекард.
‒ Чиро ин қадар фикр мекунӣ, духтарам? ‒ пурсид модар.
‒ Ҳи-ич...
‒ Бисёр фикр карда, худата ғамгин накун, ҷони оча. Ана мебинӣ, сиҳат шуда, пеши бачаякат меравӣ боз.
‒ Ба ҳар ҳол аз марг метарсам, оча. Метарсам, ки бо панҷаи сардаш гирам мекунад. Ҳар шаб, вақте ки дард тамоми вуҷудамро фаро мегирад, фикр мекунам, наход ҳамин марг бошад? Чунон сӯзандаву ҷонгудоз.
Модар ҷигарбандашро бо меҳр навозиш мекунад.
‒ Ин хел фикрҳора аз сарат дур кун. Нағз мешавӣ, ана мебинӣ.
‒ Медонӣ, оча, ин пагоҳӣ хоб дидам. Гӯё дар боғамон будам. Ҳамон боғаки ҳавлимон, ки ниҳолаконашро бо Самир шинондем. Дарахтон пур аз гул, ҳама ҷо сафеду гулобӣ. Писарам дар зери дарахтон давида механдид. Ман ҳам механдидам. Ягон ҷоям дард намекард. Ҳатто мӯйҳоям ҳам дароз шуда буданд...
Модар ба чашмони коҳида ва муйҳои тунуки духтараш нигариста, оҳи сабуке кашид. Дилаш фишурда шуд, аммо худро ба даст гирифт, сипас гуфт:
‒ Хоби нек, ҷони оча. Гулҳои шукуфтаи боғ нишони он аст, ки шифо меёбӣ. Боғи шумо боз ҳам зеботар мешавад. Ҳамин баҳор дарахтонатон гул мекунанд, мебинӣ. Самир ҳам аз кор баргашта, ҳамроҳи писаратон дар зери дарахтон бозӣ мекунад...
‒ Рост мегӯӣ, оча? ‒ дар лабони Марям табассум гул кард, табассуми олуда бо дард.
‒ Албатта, духтарам, ‒ модар дасти Марямро бо меҳр сила кард, ‒ Худо ҳам инро бо хоби зебое ба ту нишон додааст. Фақат ту набояд рӯҳафтода шавӣ. Дилатро доим хуш дор, ёду хаёли ҳеч чизи бадро накун.
Табассуми дардолуд дар лабони Марям дубора нақш баст. Ҳис мекард, ки суханҳои модар тасаллову умедворие беш нест. Мефаҳмид, ки модар фикру хаёли ӯро аз марг ба сӯи дигар кашидан мехоҳад...
Модар ашкҳояшро пинҳонӣ пок карда, табассум намуд. Вай бояд барои духтараш қавӣ бошад, ҳарчанд дилаш садпора аст.
***
Лола дар миёнаи ҳавлии беморхона дарахти бузурги тутро дида, қадамҳояш беихтиёр суст гардид. Шохаҳои ғафсу баланди дарахт сар то сари ҳавлиро соя меафканд. Насими форам баргҳои сабзро ба рақс медаровард.
Лола зери дарахт истод. Баъд даст ёзонда, баргеро ламс кард. Баргҳои сабз, тару тоза. Бӯи форами баҳорӣ ба димоғаш расид. Баргро оҳиставу беозор канд ва андешамандона ба он нигарист. Ӯ бори аввал баргҳоро бодиққат тамошо мекард. Не, не, қаблан ҳам баргҳоро ба даст гирифта буд, аммо ба онҳо на чунон ки ҳоло нигоҳ дошт, нигариста буд. Хаёлаш ба дуриҳо рафт.
Ҷавонзанро садои хандаи кӯдакони паси девори беморхона ба худ овард. Онҳо бозӣ мекарданд. Дар дили Лола чизе ҷӯшид. Вай боэҳтиёт баргҳои калонро чидан гирифт...
Лола оҳиста дарро кушода, ба ҳуҷра даромад. Марям рӯи кат нишаста, ба берун менигарист. Нури офтоб аз тиреза ба рӯяш афтода, ранги парида ва чашмони андуҳгинашро равшантар нишон медод. Бо шунидани садои по сарашро ҷониби дар гардонд ва Лоларо дида, табассуми нарме дар лабонаш гул кард.
‒ Биё, ҷонам, ‒ бо овози ҳазин гуфт Марям ва кӯшиш кард дурусттар шинад.
‒ Ту нороҳат нашав, ‒ гуфт Лола ба назди дугонааш омада, ӯро оҳиста оғӯш гирифт ва аз рухсораҳояш бӯсид, ‒ Имрӯз аҳволат чӣ хел?
‒ Нисбат ба рӯзи гузашта беҳтарам, ‒ Марям бо меҳр ба дугонаи деринааш нигарист, ‒ Хуб кардӣ, ки омадӣ. Дилам танг шуда буд.
‒ Ман ҳам дилтанг шуда будам, ‒ Лола дасти дугонаашро гирифт. Баъд бо табассуми роздор илова кард: ‒ Ку, тахмин кун, бароят чӣ овардам... ‒ ва баргҳои сабзи тутро, ки бо як дасташ доштаву то ин дам ба пушташ пинҳон мекард, баровард:
‒ Паҳнбаргҳои калон... Худоё! ‒ нидо кард Марям.
‒ Ёдат ҳаст, дар кӯдакӣ чӣ хел бозӣ мекардем?
Чашмони Марям якбора ҷило доданд:
‒ Ҳолӣ ҳам ба ёдат будааст. Бисту панҷ сол пеш бо ин хел баргҳои калони сабзи тут хонабозӣ мекардем... Онҳоро ба замин мечидем ва рӯяшон ҳар гуна ашёҳои хурдро мегузоштем...
‒ Ҳа, ‒ Лола баргҳоро рӯи кӯрпаи Марям гузошта, бо меҳр табассум кард, ‒ Ту ҳамеша баргҳои калонтаринро мечидӣ, мегуфтӣ, ки хонаат бояд васеъ бошад. Ҳар бор ҳам бо ҳавас мегуфтӣ, ки нигоҳ кун, Лола, ин барг мисли кафи даст аст.
Марям боэҳтиёт яке аз баргҳоро ба даст гирифт. Рагҳои нозуки сабз, ранги зиндаи барг... Ангуштонаш оҳиста рӯи барг лағжиданд.
‒ Медонӣ, Лола, ‒ пас аз лаҳзае хомӯшӣ гуфт Марям, ‒ имрӯз субҳ ҳамшира бароям гулҳои зебо овард: садбарги сурху зард. Вале ҳеҷ дилам кушода нашуд. Гулҳо зебо буданд, аммо... намедонам... Ҳоло бошад, ин баргҳои одии тут маро хеле хушҳол карданд.
‒ Ёд дорӣ, як бор ману ту бо баргҳо хона сохта будем, баргҳомон камӣ кард, баъд бо азобе болои дарахт баромадем?
‒ Ту бо азоб баромадӣ, барои ман баромадан душворӣ надошт, ‒ гапи дугонаашро бурид Марям.
‒ Рост мегӯӣ, ‒ хандида гуфт Лола ва афзуд: ‒ Ба болои дарахт баромада, аз он ҷо рӯйи бом гузаштем ва гӯё кашфиёт карда бошем, чунон хурсанд шудем, ки ҳамроҳ хеле рақсидем. Баъд аз шохаҳои тут, ки ба рӯйи бом хамида буданд, доман-доман барг чида, хонасозиамонро ҳамон ҷо – дар рӯйи бом давом додем. Очаам моро хеле ҷустуҷӯ карда, наёфта буд...
‒ Ёдам ҳаст, ‒ нарм хандида гуфт Марям, ‒ Очаат ҳатто асабонӣ шуда буд, ки мо куҷо ғайб задем. Баъд моро ёфту хеле накӯҳиш кард. Сипас, ҳайрон монд, ки чӣ тавр ду духтараки шашсола бо ҷиддияти тамом “рӯзгордорӣ” мекарданд..
***
Шаб, вақте ки ҳама хоб буданд ва танҳо чароғи кабуди роҳрав ҳуҷраро бо нури хирааш равшан мекард, Марям ҳанӯз бедор буд. Модар дар кати рӯ ба рӯ пинак мерафт. Баргҳои тут дар рӯи мизи назди бистари Марям буданд. Ӯ ба паҳлу дароз кашидаву бо нӯги ангуштонаш баргҳоро навозиш мекард. Ҳар як рагча, ҳар як нақши сабзи баргро бодиққат аз назар мегузаронд. Баъд баргеро наздики чашмонаш бурда, ба он бодиққат ва дурудароз нигарист.
Ногаҳон фикре дар сараш рӯшан шуд: “Агар баргҳо, ки аз сарчашмаи ҳаёташон ‒ шохаи дарахт ҷудо шудаанд, ҳанӯз ҳам сабзу зебо бошанд, наход канда шудани мо аз дарахти зиндагӣ, яъне марг, ба андозаи баргҳо зебо набошад?”
***
Пагоҳӣ духтур вориди ҳуҷра шуд.
‒ Салом, духтарам! - бо табассуми ҳамешагиаш ҳолпурсӣ кард ӯ ва якбора дар дасти Марям баргҳои сабзро дида, каме ҳайрон монд, ‒ Мебинам, имрӯз монанди баргҳои дастат хуррам ҳастӣ.
‒ Дугонаам овард. Дар бачагӣ мо бо ин баргҳо хонабозӣ мекардем... ‒ гуфт Марям ва бозиҳои айёми кӯдакиашро бо ҳаяҷон ба духтур нақл кард.
‒ Офарин ба дугонаат, ки табъи туро шод кардааст. Агар ҳар рӯз ана ҳамин хел хушҳол бошӣ, дардро зӯр меорӣ. Бубин, чӣ хел нур дар чашмонат пайдо шудааст. Табассумат ҳам қавитар гаштааст. Ин аломати хуб аст.
‒ Аммо имрӯз баргҳо ба ман рози аҷиби дигареро кушоданд.
‒ Кадом роз?
‒ Аз ин баргҳо фаҳмидам, ки марг чандон чизи баде нест... Бубинед, ҳоло ҳам сабзанд.
Духтур ба курсӣ нишаста, бодиққат ба суханони Марям гӯш медод. Имрӯз ӯ дар чеҳраи ин бемораш дигаргунии аҷиберо медид. Осори тарсу ваҳме, ки чанд рӯзи охир дошт, нопадид шуда буд...
Ҳамон шаб шамоли сахт вазид. Духтур дар ҳуҷраи истироҳат аз садои шамол бедор шуд. Хоб аз чашмонаш гурехт. Баргҳои сабз дар дасти Марям пеши назараш омаданд: чӣ гуна бо меҳр онҳоро ламс менамуд, чӣ тавр бо шавқ аз хотироти кӯдакиаш ёд мекард.
Аз ҷой бархоста, ба назди тиреза рафт. Шохаҳои дарахтон дар зери шамол ба чапу рост алвонҷ мехӯрданд. Баъзе баргҳо аз шохаҳо канда дар ҳаво рақскунон ба замин мефаромаданд.
“Аҷаб ҳикмате дорад ин олам, ‒ андешид духтур, ‒ Чӣ гуна як барги одӣ метавонад рӯҳи шикастаеро шифо бахшад, тарси маргро аз дили инсон дур кунад...”
Шамол боз ҳам сахттар шуд, вале акнун садои он ба гӯши духтур на чун нолаи ғамангез, балки чун навои умедбахше мерасид. Дар пеши назараш боз ҳам табассуми Марям бо баргҳои сабз дар кафи дасташ ҷилвагар шуданд.