Баъди 38 сол ба Тоҷикистон Баргашт
Pressa.tjСаҳнаи пешвозгирии марди тоҷике, ки баъди 38 сол ба хонадонаш баргашт, хеле дилрешкунанда сурат гирифт. Бародарону хоҳарон, ки даҳсолаҳо дар ҳасрати дидори ҳамдигар мӯйҳои сиёҳашонро сафед карданд, ҳар яке мехост аввалин шуда, Ҷумъахонро ба оғӯш гираду бӯй кашад. Рӯи ҳавлӣ чашмҳо пур аз ашк, дастҳо ба сӯи ҳамдигар бағал мекушоданд.
Ҷумъахон Наимов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон буда, соли 1985 аз зодгоҳаш баромада, бо ҳамин бе ному нишон гашта буд. Баҳриддин Сабур, журналист ва блогери шинохтаи тоҷик меҳмони хонадони ин марди тоҷик шуда, сабаби аз падару модар, пайвандону Ватан ҷудо шуданашро пурсид, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.
— Акои Ҷумъахон, чӣ сабаб гашт, ки тарки Тоҷикистон кардед?
— Соли 1985 баъди хатми Техникуми кооперативии вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ба хона баргаштам. Вақте фаҳмидам, ки хоҳарам дар беморхонаи шаҳри Душанбе бистарӣ аст, ба аёдаташ рафтам. Дар ҳамон ҳуҷра бо нафаре шинос шудам, ки маро барои кор ба Ленинобод даъват намуд. Розӣ шудам ва дубора бо тайёра ба Ленинобод рафтам, вале онҷо гуфтанд, ки баъди 40 рӯз коргар лозим аст. Дубора ба Душанбе баргаштам, ҳамон вақт бачаҳо ба Самарқанд равона буданд, ман ки 40 рӯз вақт доштам, ҳамроҳи онҳо ба тамошо рафтам. Корам барор гирифту дар Самарқанд ҷои кор ёфтам. Аввалҳои рафтанам, ду се маротиба ба волидонам хат навиштам, аммо номамро нанавиштам, танҳо имзоямро мегузоштаму халос. Вақте Ҳукумати Шӯравӣ барҳам хӯрд, дигар мактуб накардам, аз як кор ба кори дигар гузашта, мехостам ба хона баргардам, аммо имконият нашуд.
— Фикр намекардед, ки падару модар шуморо ҷустуҷӯ доранд?
— Фикр мекардам, ҳамаашро дар хотир дорам, аммо сад афсӯс, ки дигар поям ба омадан накашид.
— Чаро дигар наомадед, шояд ягон маъшуқа пайдо кардед?
— Дарҳамон ҷо оиладор шудам. Ду фарзанд дорам. Баъди солҳои 1993 ба Русия рафта меомадам.
— Дар ин муддат бо хонаводаатон дар иртибот набудед?
— Боре бо нафаре вохӯрдам, ки ду-се ҳарфи ноҷо гуфт. Ростӣ, дилам хунук шуду дигар барнагаштам.
— Вохӯрӣ, дидор ва бозгашт ба Тоҷикистон аз куҷо дар нақшаи шумо пайдо шуд?
— Ман барвақт нақша доштам, ки ба Тоҷикистон баргардам. Ба наздикӣ бо ду нафар шинос шудам, ки аз зодгоҳам будаанд. Аз ман пурсиданд, ки “Чилдухтарон”-ро медонед ва боз чанд мавзеи шинохтаи кишварамонро пурсон шуданд. Баъди пурсупос маро шинохтанд, оғӯш кашидему салом кардем, онҳоро ба хонаам бурдам. Ҳамватанонам бояд ба Ҳаҷи Умра мерафтанд, аз ҳамсояам хоҳиш кардам, ки ба ҷои лозимиашон бурда расонанд. Вақте онҳо ба Тоҷикистон бармегарданд, ба пайвандонам аз ман дарак медиҳанд, аммо суроғаи дақиқро намегӯянд.
— Пас, чӣ гуна шуморо пайдо карданд?
— Дар наздикии хонаи мо меҳмонхонаи “Ризқия” ҳаст, азбаски ҳоҷиҳо дар онҷо сабти ном шуда буданд, маро тавассути ҳамин меҳмонхона пайдо карданд. Дар хона будам, ки як писарча омада, маро бе берун даъват кард. Вақте баромадам, ҷиянам салом дода, худро муаррифӣ кард ва гуфт, ки ба Ватан меравем. Барои он ки ба Тоҷикистон биёям, шиносномаи хориҷӣ надоштам, аз ин рӯ, ҳамроҳи аҳли оила ва ҳамсояамон якҷоя шиносномаҳоямонро супоридем.
— Шумо инро сарнавишт меҳисобед?
— Худам намедонам, ки чаро чунин шуд. Ман ҳамеша дуо мекардам, аз Худо илтиҷо мекардам, ки боз ба зодгоҳам баргардам.