Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид

Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид

@AkhboriTojikiston

 Дар арафаи соли нави хониш ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва ятимони ноҳияи Айнӣ либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш туҳфа намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Роҳбарияти вилоят ба 80 нафар ятим ва эҳтиёҷманд аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси ягонаи мактабӣ, ҷузвдон ва дигар ашёи хониш тақдим намуда, аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ва ятимону ниёзмандон ёдовар шуданд.

Ҳамзамон барои хонандагон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия дастурхони идона ороста шуд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Айнӣ 68 муассисаи таълимӣ фаъолияти босамар дошта, дар онҳо қариб 19 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Report Page