БАРГАШТ АЗ НИМАРОҲ
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Пас аз хатми донишгоҳ муддате ба тиҷорат машғул шудам. Аз рӯи ихтисос кор накардан маънои нахостанро надошт, балки медонистам, ки бо маош рӯзгорро пеш бурдан мушкил меафтад ва иҷора ба иҷора саргардон мешавам. Аз ин хотир, аввал шароитамро хуб кардам ва баъд ба идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) ноҳия ба кор даромадам.
Як моҳи аввал дар корхона коромӯз будам. Аз таҷрибадорон корро меомӯхтам ва ба онҳо то қадри имкону фаҳмиш ёрӣ мерасонидам. Сипас, чун диданд аз уҳдаи кор мебароям, бо ман ҷиддитар муносибат карданд ва корҳои муайянро вогузор мекардагӣ шуданд.
Моҳҳо гузаштанд... Акнун, вазифаи ман бо касоне, ки аризаи ҷудошавӣ пешниҳод мекунанду тасмими аз ҳамдигар ҷудо шуданро доранд, сари кор гирифтан аст.
Мутаассифона, шумораи онҳое, ки ҷудо шудан мехоҳанд, кам нест. Одамони синну солашон гуногун муроҷиат мекунанд ва сабабҳоеро барои пош додани оилаашон пеш меоранд, ки баъзан хандаовар аст. Гӯё оиладор шудаанд, то ҷудо шаванд. Аҷиб он аст, ки ҳама мехоҳад ҳамсараш идеалӣ бошад, аммо худашон кӯшиш намекунанд, ки ба ин талабот ҷавобгӯ гарданд.
Рӯзи аввали ҳафтаи нав ба утоқи кор даромадам, ки аризае болои мизам истодааст. Духтараки ёрирасон хабар дод, ки онро як ҷуфти ҷавон навишта, то омада расидани ман худашон ба ҳавои тоза баромадаанд. Бо ариза шинос шуда, хеле мутаассиф гардидам. “Оила ҷавон як фарзанд доранд, ба онҳо чӣ намерасад, ки ҷудо шудан мехоханд?” ‒ аз худ пурсидам.
Пас аз чанд дақиқа марду зани ҷавон вориди утоқ шуданд.
‒ Ман бо аризаи шумо шинос шудам. Хеле афсӯс мехӯрам, ки ба чунин қарор омадаед. Албатта, то расман ҷудо шуданатон вақт доред ва мутмаинам, ки фикратонро тағйир хоҳед дод. Инсон хатокор аст ва умедворам он нофаҳмиҳое, ки дар ҳаёти оилавии шумо сар задаанд, бартараф мешаванд ва зиндагии осудае хоҳед дошт...
‒ Бародар, бисёр суханони китобии хуб гуфта истодаед, лекин мо чизеро тағйир доданӣ нестем. Бигӯед, ки боз кай наздатон оем, то ки ин ҳамаро ба охир расонем, ‒ сухани маро бурида гуфт ҷавон.
‒ Бале, ман ҳам чунин фикр дорам. Мо дигар ояндаи якҷояро намебинем. Ҳар чӣ зудтар ҷудо шавему ба роҳи худ бошем, беҳтар аст, - сухани шавҳарашро идома дод ҷавонзан.
‒ Шуморо мефаҳмам. Аммо бо иҷозаатон мехоҳам як гапи муҳимро бигӯям.
Зану марди ҷавон бо нигоҳашон тасдиқ карданд, ки омодаи гӯш додан ба суханонам ҳастанд ва ман вақтро кашол надода, оғоз кардам:
‒ Шумо як фарзанд доред. Ӯ сесола аст. Биёед, як лаҳза худхоҳиро як сӯ гузоред ва андеша кунед. Худо накунад, аммо агар шумо аз ҳамдигар ҷудо шуда, оилаатонро барҳам диҳед, чун ҷавон ҳастед, оилаи нав бунёд карда, зиндагиатонро давом медиҳед. Яке ҳамсар, дигаре шавҳар карда, кӯшиш мекунед хушбахтона рӯзгоратонро пеш баред. Ҳатто якдигарро фаромӯш мекунед, аз бегона ҳам бегонатар мешавед, шояд баробари вохӯриҳои тасодуфӣ бо ҳам салом накунед. Аммо фикр кардаед, ки аҳволи фарзандатон дар оянда чӣ гуна мешавад? Фикр мекунед, ки фарзандатон дар хонаи бобои модариаш зиндагии хуш дошта метавонед? Ба фикри ман не! Бовар кунед, меҳрубонии бобову бибиашро беҳраҳмии шумо коста мегардонад. Дигар тағояш ба ӯ ҳар рӯз аз мағозаи деҳа ҳар гуна шириниву бозича намеорад. Янгааш мисли пештара, ки меҳмонӣ мерафт, бо ӯ рафтори хуб намекунад. Бо ҳамсолонаш хуб бозӣ карда, бо онҳо баробар буда наметавонад. Шояд шавҳари модараш ӯро хуб қабул накунад. Ҳамеша бо каму кост зиндагӣ мекунад. Алименти муқарраргардида ба ӯ намерасад. Баробари озод шудани шумо аз ҳамдигар, ӯ ба зиндони навмедӣ, ба дунёи торике ворид мешавад.
Мухотабони ман сукут карда буданд. Ман паст наомада, илова кардам:
‒ Ба фарзанд ҳеҷ чиз лозим нест ба ҷуз падару модар. Дар баробари меҳри модар сояи падар, дар баробари ғамхории модар сиёсати падар, дар баробари ҳузури модар ба ӯ будани падар ҳам бениҳоят лозим аст. Яқин аст, ки шумо пас аз ҷудо шудан муддате азоб мекашед ва аз пайи зиндагии наватон мешавед, аммо азоби фарзандатон давомдор хоҳад буд. Аз боғча оғоз шуда, то мактабу донишгоҳ маломати бепадариро мебинад. Худхоҳ нашавед, фикри ояндаи ӯро кунед. Шояд ин тасмимро сари қаҳру ғазаб гирифтаед, аммо фарзандатонро ба назар бигиред. Худо ӯро ба шумо додааст, ки парвариш намоед, то номбардоратон бошад. Яъне ба мисли амонат аст, пас нигоҳаш бидоред ва ба амонат хиёнат накунед! Албатта, қарори ниҳоиро шумо медиҳед, аммо хоҳиш мекунам бори дигар фикр кунед, то фарзандатон дар нимароҳ намонад ва ояндааш тира нашавад.
Дар утоқ сукут ҳукмфармо гардид. Касе чизе намегуфт. Аз ҳуҷраи берунӣ садои кӯдак ба гӯш расид. Дар кушода шуд ва фарзанди мусоҳибони ман бо нигоҳи шубҳанок як ба падару модараш ва як ба ман нигариста, гуфт:
- Додо, хона равем...
Ин замон ҷавон аз ҷояш ҷаста духтарашро ба оғӯш гирифту ҳамсараш беихтиёр домони гиряро сар дод. Ҷавон ба ман наздик шуда, аввал дастамро фишурд, сипас бо нигоҳи маънидор аризаро аз рӯи миз гирифта, пора кард ва он пораҳоро дар кафи дасташ ғиҷим намуд. Баъд, аз дасти ҳамсараш, ки бо чашмони пурашк ҳамоно нишаста буд, дошта, меҳрубонона барои аз ҷояш хестан ба ӯ ёрӣ расонд. Оилаи ҷавон даст ба дасти ҳамдигар аз дари утоқ баромаданд.
Ҳ. Тоҳирӣ
P.S. Сужа бофтаи муаллиф аст.