БАДХОҲОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Аз рӯзи 16-уми сентябр то 26 сентябр дар Варшава, маркази Лаҳистон, Анҷумани Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи вазъи ҳуқуқи баргузор гардид. Дар ин ҳамойиш, баробари давлатҳои бузург намояндаҳои Тоҷикистони тозаистиқлол низ ҳастанд. Тааҷубовар аст, ки дар ин ҳамойиш, ки мақомотҳои дахлдори беш аз 50 давлати дунё ширкат намуда, вазъи ҳукуқӣ ва авзои геополитикии ҷаҳонро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳанд як гуруҳи нотавонбонони аз ватан фирории тоҷик худро мухолифин хонда, дар ин нишаст иштирок доранд.
Асосан нигаронкунанда он аст, ки чи тавр созмони бонуфузи САҲА ин афроди беимони миллату давлати худ фурӯхтаро, ки зери таъсири хориҷиён аз берун сару садои туҳматангез баланд мекунанд, ба ҳамойиш роҳ додаанд.
Оё намедонанд, ки ин гурӯҳак, ки бо ном паймони миллӣ созмон додаанд, ҳамон наҳзатиҳои ҳизбашон дар ватан мамнуъ эълон шудаҳоеанд, ки ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ифротӣ робитаҳои зич доранд.
Онҳо, ки ватану миллат, мазҳаби худро фурӯхтаанд магар ҳақ доранд, ки дар ҳалли ягон масъала ҳамроҳи намояндагони шинохтаи давлатҳои аз ҷониби халқ пазируфташуда ширкат кунанду сухан гӯянд?! Ҳеҷ гоҳ ашхоси ҳизби мамнуъи наҳзати ислом чун Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамон, Шарофиддин Гадоев ва Илом Яқубов чунин ваколатро надоранд, на аз рӯи қонун, на аз рӯи идеологияи ягон дин ва на аз рӯи рисолати инсонӣ, ки барои тамоми инсоният ягона аст.
Дар бораи ваҳдат ва сулҳи тоҷикон дар тамоми дунё андешаҳои шоиста гуфта мешаванд. Ин ҳақиқати бебаҳсро набояд дар ягон нишасту машварат, Анҷуману конфронс ва дигар ҳамойишҳои байнидавлатӣ фаромӯш кунанд.
Ва албатта, хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ба даст овардан, барқарорӣ ва устувории сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки омили асосии оромӣ ва пойдории давлату миллати тоҷикон гардида, мавриди омӯзишу дасгирии давлатҳои ҷаҳон аст, ҳақиқатест ба исбот расида.
М. Салимов,
вакили Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи А. Ҷомӣ