Аз Маркази миллии тестӣ кӣ маблағашро бозпас гирифта метавонад?

Аз Маркази миллии тестӣ кӣ маблағашро бозпас гирифта метавонад?


Маркази миллии тестӣ ба он довталадоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ дохил шудаанд ва маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохташонро баргардониданианд, то 30-юми июн муҳлат додааст.

Ба иттилои марказ мувофиқи тартиби муқарраргардида, агар довталаб бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавониста, маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1% ҳаққи хизматрасонии Бонк ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти ин марҳала боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки даври асосии имтиҳонҳои қисми “А”-и Маркази миллии тестӣ аз 1 июл то 7 июл идома меёбанд ва аз 25 то 29 июни соли равон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД), ки даври асосии он аз 1 то 7 июли соли равон дар 47 маркази имтиҳонӣ доир мегардад, гузаронида мешавад.


____________

Моро пайгирӣ намоед:

Сомона, Facebook, Instagram, Twitter, Telegram

Report Page