Аспи чӯбин

Аспи чӯбин

(таҳияи) Башир Усмон

Аҳли оила рӯзи якшанбе ба тамошои манзараҳои дилфиреби табиат ‒ даштҳои васеи лолазор ва кӯҳҳои сарсафед, баромаданд. Ҳаво софу беғубор, осмон кабуди лоҷувардӣ буд. Ба машом накҳати хуши гулҳо ва бӯйи форами гиёҳу рустаниҳои саҳро мерасид.

Чун ба ҷойи барояшон лозим расиданд, модар пайи омода кардани дастархон шуду падар ҳамроҳи духтар ва писараш каме гаштугузор карданд. Ҳарчанд ҳоло чандон роҳи дароз нарафтанд, вале писарак зуд хаста шуд.

‒ Падарҷон, шалпар шудам, маро ба пуштат савор намекунӣ? ‒ хоҳиш кард ӯ.

Падар гуфт:

‒ Ҷони падар, ман ҳам каме шалпар шудаам...

Аммо писарак домани гиряро сар дод. Падар чизе нагуфта, ба сӯйи дарахтон рафтан гирифт ва аз дарахте шохи хушкидаеро шикаст. Пӯсти онро бо корд тарошида, тоза кард, сипас ба писараш дода гуфт:

‒ Ана ин аспро бигиру савор шав.

Писарак “асп”-еро, ки барояш аз шохи хушки дарахт омода гардид, хушҳолона савор шуд ва “чу-чу!” гӯён давида, ҷониби модараш рафт.

Дар як лаҳза хастагиашро фаромӯш карда, дав-давон рафтани писарашро падар бо табассум нигарист. Баъд ба духтараш, ки паҳлуяш қадам мезад ва шодии додаракашро бозавқ тамошо дошт, рӯ оварда, гуфт:

‒ Зиндагӣ ана ҳамин аст, духтари ширинам. Гоҳе мешавад, ки худатро хеле хаставу бемадор ҳис мекунӣ. Дар он асно барои худат ҳатман “аспи чӯбин”-е пайдо карда, роҳатро давом деҳ. Ин “асп” баъзан метавонад дӯсте бошад, баъзан суруди фораме, шеъре ё умеде ё ин ки як гул, як хотира, як хаёл ва ё табассуми тифлаке.

Report Page