Арзиш
(таҳияи) Башир Усмон
Онҳо зиндагии хоксоронае доштанд. Ҳар рӯз ҳамсараш дар хона маска (равғани зард) тайёр мекарду пирамард онро ба дӯкони ҳамсоя бурда мефурӯхт. Пиру кампир бо ҳамин ризқу рӯзии худро таъмин мекарданд.
Дӯкондор маскаеро, ки пирамард меовард, ҳеҷ гоҳ барнамекашид ва ба миқдори он шубҳа надошт. Вале рӯзе фикр кард: “Бигзор бубинам, ки оё воқеан як килост ё на”.
Вақте маскаро ба тарозу гузошт, дид, ки он 900 грам аст. Оташин шуд ва бо худ гуфт: “Пагоҳ, вақте ки пирамард биёяд, инро ба ӯ мегӯям ва дигар бо ӯ додугирифт нахоҳам кард!”
Рӯзи дигар баробари ба дӯкон ворид шудани пирамард дӯкондор бо нигоҳи сарду хашмгин ба ӯ гуфт:
‒ Аз ин пас, ман дигар аз ту маска намехарам!
Пирамард ҳайрон шуд ва бо чеҳраи афсурда пурсид:
‒ Писарам, оё аз ман хатое сар задааст?
‒ Равғани овардаатро бори аввал ба тарозу гузоштам, маълум шуд, ки он 900 грам аст! Вақте фиреб мекардӣ, аз мӯйи сафедат шарм надоштӣ?!
Пирамард сар ба зер афканд ва хиҷолатмандона чунин посух дод:
‒ Мо дар хона тарозу надорем, писарам. Чанд вақт пеш аз шумо як кило шакар харидам ва онро ҳамчун ченак истифода мебарем.
Дӯкондор аз шарм сурх шуд ва сухане наёфт, ки бигӯяд.
ҚАЙД:
Дунё ҳамин аст... Ҳар коре, ки мекунем, акси он ба мо бармегардад.