ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ ВА ТАЛАФОТ ОН

ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ ВА ТАЛАФОТ ОН


19-уми июни соли 2025, Душанбе. - Дар маҷлисгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» таҳти раëсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони соҳаи барқ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

«Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 253 прим 1 оид ба пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкунии қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад», - илова намуд муовини Сарвазир.

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода зимни гузориш иттилоъ дод, ки «санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи 5 моҳи соли равон 520 қонунвайронкуниҳо оид ба истифодаи қувваи барқ ошкор намуд. Аз натиҷаи санҷиши онҳо нисбат ба шахсони гунаҳкор 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувва барқ рӯёнида шудааст».

Тибқи иттилои муовинии прокурор, дар маҷмуъ дар давраи сипаригардидаи соли равон бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ нисбат ба шаҳрвандон ва шахсони масъули шабакаҳои барқ, танҳо дар давоми 5 моҳ 130 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуданд.

Ҳамчунин, зиёда аз 39 миллион сомонӣ зарари ошкоршуда, аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва тассаруфи молу таҷҳизот ба ҳисоби давлат барқарор карда шуда, бо чораҳои андешидашуда зиёда аз 200 миллион сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ рӯёнида шуд.

Дар идома директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳамадзода баромад намуда, масъалаи таҳкими назорат, баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандон ва сохторҳои дахлдор, инчунин тақвияти тадбирҳои иловагӣ дар самти коҳиш додани талафоти неруи барқ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии онро муҳим арзёбӣ намуд. 

Дар ҷаласа масъалаи истифодаи самараноки истифодаи неруи барқ ва пешгирии талафоти он аз ҷониби аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз ҳисоботи масъулини мақомоти назоративу иҷроия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуи мавриди назар, инчунин ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ибрози андеша намуд.


Report Page