Ҳайкал
аз китоби "Таъсири як табассум", таҳияи Башир Усмон
Ҳайкалтароше санги мармар мехарид, то ҳайкал бисозад. Ба хонаи шахсе рафт, ки санги мармар мефурӯхт. Дар ҳавлии ӯ чашмаш ба пораи харсанге афтод, ки зоҳиран дар кунҷи девор партофта шуда буд.
− Арзиши ин пораи мармар чӣ қадар аст? – пурсид ҳайкалтарош.
− Ройгон, − гуфт фурӯшандаи санги мармар ва илова кард: − Агар воқеан ҳам бароят лозим бошад, метавонӣ онро бепул гирифта барӣ.
Ҳайкалтарош ҳайрон шуда, пурсид:
− Чаро онро ройгон медиҳӣ?
− Чунки намудаш зишт аст... касе ҳам онро харидан намехонад... як гӯшаи ҳавлиро беҳуда банд кардааст. Агар онро бибарӣ, хушҳол мешавам.
Пас аз чанд моҳ ҳайкалтарош қуттие дар даст ба дӯкони фурӯшандаи санги мармар омад. Қуттиро ба ӯ дароз кард. Чун фурӯшанда қуттиро кушод, ҳайкали бисёр зебову назаррабоеро дид.
− Чӣ асари зебое! – гуфт фурӯшандаи санги мармар аз ғояти ҳайронӣ, − Бовар дорам, ки арзиши ин пайкараи зебо беҳад баланд аст, вале нафаҳмидам, ки онро барои чӣ ба назди ман овардӣ. Ман-ку танҳо санги мармар мефрӯшам...
− Не, ин ҳадя барои туст, − гуфт ҳайкалтарош.
− Ҳадя?.. Барои ман?.. Чаро?.. – аз ҳайрат пайи ҳам савол медод фурӯшанда.
− Чун ин санг аз они туст.
− Нафаҳмидам.
− Ёдат ҳаст, шаш моҳ пеш ба ин ҷо омада будам ва ба ман порасангеро, ки дар гӯшаи ҳавлиат мехобид, дода будӣ?
− Ҳа-а, акнун ёдам омад...
− Ана ин ҳайкалро аз ҳамон санг тарошидам.
Фурӯшандаи санги мармар суханҳои шаш моҳ қабл гуфтаашро ба ёд оварда, шарм дошт:
− Худоё, кӣ мегуфт, ки аз он санги баднамуд чунин як ҳайкали зебо мебарояд?
Ҳайкалтарош табассуме карду гуфт:
− Ҳайкалтароши машҳур Микеланҷело низ санги мармари бузургеро, ки муҷассамасозони дигар аз гирифтанаш худдорӣ карда буданд, гирифт ва аз он ҳайкали дар олам машҳураш – “Ҳайкали Довуд”-ро тарошид. Вақте ки аз ӯ пурсиданд, ин муъҷизаи санъатро чӣ гуна сохт, гуфт:
“Ман дар санги мармар фариштаеро мебинам ва бо искана ва чакуш ба тарошидани санг идома медиҳам, то ӯро озод созам”.
ҚАЙД:
Зиндагии инсон ҳам, ки аксар вақт аз он норозист, ба ҳамон порасанги баднамуд монанд аст. Бояд аз “санг”-и ҳаёт чизҳои барзиёдро тарошид, то фариштаи дохили он озод шавад ва ҳадяи зебое падид ояд.