«ҲОЗИР ҲАМ ГАЗЕТА МЕХОНАНД(-МӢ)!?»
Фаридуни ФарҳодзодРӯзе ба як чорабинии фарҳангӣ рафтам. Дар толор чанд нафар ҳозир буданд. Марди қоқинаи қадбаланд, ки дар тан либоси расмӣ дошт ва шояд аз ташкилкунандагони чорабинӣ буд, ба истиқболам шитофт.
– Марҳамат, – гуфт ва ба қатори дувум ишора кард. Бароҳат ҷойгир шудам. Дар қафои саҳнаи толор бо ҳарфҳои калон «Маънавияти воло, неруи мағлубнопазир» навишта буданд. Тахмин кардам, ки мавзӯи чорабинӣ аст. «Насиб, имрӯз як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирем» аз дил гузарондам. Марди қоқина дубора дар даст коғазу ручка омад.
– Бахшиш, Шумо аз кадом ташкилот? – пурсид.
– Аз газета, – кӯтоҳ ҷавоб додам.
– Ба рӯйхат дароварданам даркор, – сабаб фаҳмонд ва саволомез нигоҳ кард.
Ному насаб ва ҷойи корамро се бор такрор кардам ва мард онро бо мушкилӣ ва чанд хатои имлоӣ навишт. Баъд аз коғаз сар бардошта:
– Ҳозир ҳам одамон газета мехонанд-мӣ? – бо хандаи безеб пурсид ва ҷавобро интизор нашуда, ба пешвози меҳмонони дигар шитофт.
Аз ин саволи ғайричашмдошт ҳайрон мондам. Ва пас аз лаҳзае ин ҳайрат ба ҷаҳл табдил ёфт. Намедонистам он ҷо монам ё баромада равам. Охир вақте "тарғибгарони маънавият", ба қавле, "қишри интеллигент"-и ҷомеа ба кас бо чунин савол рӯ оранд, аз дигарон чӣ бӯйи умед? Дар як лаҳза хаёл ба парвоз омада, ба солҳое рафт, ки дар шуъбаи радиои Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд кор мекардам. Рӯзе барои суҳбат ба як мактаби варзишӣ рафтам. Бо мураббие, ки таҷриба ва мукофоту дастовардҳои зиёд дошт, дар мавзуи «Варзиш – асоси саломатӣ» суҳбат кардем. Пас аз анҷом, мусоҳибам пурсид, ки суҳбат дар куҷо мебарояд. «Дар радиои вилоят. Шумо метавонед онро тавассути мавҷҳои 105,2 ё 107,5 гӯш кунед», гуфтам. «Ҳозир кӣ радио гӯш мекунад?» писханд зад мураббӣ...
Баъд андешаҳоям маро ҷониби воситаҳои тарғибгари маънавият ва маърифат, махзани илму хирад, ташаккулдиҳандаи завқи бадеӣ, эҷодӣ ва тафаккур, инъикоскунандаи набзи ҷомеа, таҳкимдиҳандаи рӯҳи солиму комил, аз қабили театр, осорхона, радиову телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо бурд.
Имрӯз мо садҳо театр дорем, вале тамошобинҳо ангуштшуморанд. Дар аксар вақт толорҳо холӣ ва намоиши спектаклҳо мавқуф мемонад.
Осорхонаҳо дорем, намоишгоҳҳои асарҳои мусаввирон, маҳсули дасти ҳунармандонро ташкил мекунем, аммо теъдоди камшумор аз он дидан менамоянд.
Дар ҷумҳурӣ ва қариб дар ҳар як вилоят радио фаъолият дорад ва гуфторҳояшон бо забонҳои гуногун пахш мешаванд, вале кам касоне ҳастанд, ки радио гӯш кунанд.
Шабакаҳои гуногуни давлатӣ ва хусусии телевизионӣ фаъолият доранд. Лек мо тобу тоқати тамошои барномаҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва маърифатиро надорем. Агар тамошо кардем, сериалҳои ба чорчӯбаи зеҳнии мо бегона, намоишҳои бемазмуну бемантиқ, дастурҳои орӣ аз мундариҷа ва мазмуни муайянро мебинем.
Бо як сухан, мо ба театр ва осорхонаҳо намеравем, радио намешунавем, дар шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои муфиди фарҳангиву ахлоқиро тамошо намекунем, китоб, рӯзнома ва маҷалла намехонем. Ва ҳамеша барои ин баҳонаи тайёр дорем: вақт нест! Пас, мо маънавиятро аз куҷо мегирем? Маданиятро чӣ хел меомӯзем? Чӣ тавр огоҳии сиёсиву фаъолии иҷтимоии мо меафзояд ва ҷаҳонбиниамон васеъ мегардад? Чӣ хел дар тинати хеш завқи эстетикиву хислатҳои ҳамидаи инсониро ташаккул медиҳем?..
Пойбанди чунин хаёлот будам, ки садои кафкӯбӣ маро аз вартаи андешаҳо бурун овард. Зуд ҷониби дар нигоҳ кардам. Ҳозирин меҳмонони расмиро бо қарсак пешвоз мегирифтанд. Баъд меҳмонон як-як ба сухан баромаданд. Аслан онҳо бояд дар мавзӯи «Маънавияти воло, неруи мағлубнопазир», яъне дар бораи маънавият, аҳамияти он дар рушди давлат ва ҷамъият, тарбияи насли ҷавони соҳибмаънавият ҳарф мезаданд. Лек мавзӯъ як ҷониб монду нотиқон дар нутқҳои дурударози худ ғайр аз ҳамдигарситоӣ ва лофу газофи беҳуда дигар чизе намегуфтанд. Чорабинӣ анҷом ёфту ҷониби таҳририят шитофтам. Роҳ мерафтам, вале хандаи безеби он мард ҳеч аз пеши назарам дур намешуд. Садояш зери гӯшам садо медод: «Ҳозир ҳам одамон газета мехонанд-мӣ?»
Воқеан, оё ҳозир ҳам одамон рӯзномаву маҷалла мехонанд? Акнун ин савол мағзамро гиҷ мекард. Барои дарёфти ҷавоби ин суол самти ҳаракатамро дигар кардам: роҳи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пеш гирифтам, то статистикаи газетаҳои ҷумҳурӣ ва газетахонҳоро дастрас намоям. Аз Садорати статистикаи соҳаи иҷтимоӣ ва рушди устувори агентӣ маълумотҳоро гирифта, пас гаштам ва дар ӯтоқи корӣ як-як аз назар гузаронидам.
Аз рӯйи маълумоти садорат, бино ба ҳолати моҳи июли соли равон дар ҷумҳурӣ 218 номгӯй газета чоп мешавад. Агар онҳоро дар қиёси солҳо таҳлил кунем, аён мегардад, ки дар даҳ соли охир, яъне нисбат ба соли 2013 (602-то газета) номгӯйи онҳо қариб се баробар кам шудааст.
Инчунин, кам гардидани номгӯй ба шумораи рӯзномаҳо бевосита таъсир расонида, тиражи якмаротибаинаи газетаҳо дар соли 2013 ҷамъ 3,7 миллион нусхаро ташкил карда бошад, ба соли 2023 омада, ин шумора ҳамагӣ 600 ҳазор нусха шудааст.
Тиражи солонаи газетаҳо низ аз ҳам фарқи калон доранд: дар соли 2013 – 179,2 миллион нусха ва дар соли 2023 бо тиражи 27,5 миллион нусха дар як сол чоп шудаанд. Яъне, тиражи якмаротибаина ва солона қариб ҳафт баробар кам шудааст.
Рақами дигаре, ки таваҷҷуҳи маро ҷалб кард, ин нашри солонаи газетаҳо нисбат ба ҳар 1000 сари аҳолӣ буд. Соли 2013 ба ҳар 1000 сари аҳолӣ дар як сол 5927 нусха рӯзнома рост омадааст. Сад афсӯс, ки ин нишондод дар соли 2023 ҳамагӣ 727 нусхаро ташкил кардааст. Маҷалла ва дигар нашрияҳои даврӣ (маҷмӯа ва бюллетенҳо, ки дар муддатҳои муайян интишор мегарданд) ба ҳар 1000 сари аҳолӣ низ соли 2023 нисбат ба соли 2013 даҳ баробар кам шудааст. Яъне аз 334 нусха дар як сол, ба 34 нусха коҳиш ёфтааст.
Баъд омори нашрҳои бачагонаро аз назар гузаронидам. Ин бесабаб набуд. Чунки донишомӯзе, ки имрӯз дар мактаб газетаву журналҳои хурди бачагонаро намехонад, пагоҳ наметавонад газета, китобҳои калонҳаҷмро мутолиа кунад. Сад афсӯс, ки ҳолати нашрияҳои кӯдакона низ нигаронкунанда буд. Дар ин муддат аксари газетаву маҷаллаҳои бачагона фаъолияти худро боздошта, баъзе нашрияҳое, ки чанд сол муқаддам бо теъдоди 100 ҳазор нусха чоп мешуданд, имрӯз тиражашон ҳатто ба 2 ҳазор ҳам намерасад. Аз ин рӯ, ҳоло аксар хонандагони мактабҳо аз мутолиаи рӯзнома бенасибанд ва агар ба онҳо бо саволи «Кадом рӯзномаҳои бачагонаро медонед?» рӯ орем, ангушт мегазанд.
Боз як факти ҷолибе, ки ҳангоми шиносоӣ бо маълумотҳои статистикӣ пеш омад, ин шумораи одамоне буд, ки варианти электронии газета, маҷалла, китоб ва ё расм, филм, видеову мусиқаҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ боргирӣ кардаанд.
Рақамҳо нишон медиҳад, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳиссаи аҳолии аз 10-сола боло, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзнома, маҷалла ва китобҳои гуногуни электрониро мутолиа ё боргирӣ кардаанд, ҳамагӣ 30,8 дарсадро ташкил мекунад. Аммо шумораи афроде, ки аз интернет барои зеркашӣ ё ирсоли тасвир, филм, видео ва мусиқӣ истифода бурдаанд, 59,1 дарсадро фаро мегирад.
Ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки номгӯйи газетаву маҷалла ва шумораи хонандагони онҳо торафт кам мешавад. Яъне мо сол то сол аз мутолиа дур мешавем. Ва қонуни табиат аст, ки вақте мо аз чизе дур меравем, ҳатман ба ҷонибе наздиктар мешавем. Савол: мо аз воситаи таблиғгари маънавият, маърифат, фарҳанг ва ахлоқ дур шуда, ба чӣ наздик мешавем? Ҷавоб аён: ба таназзули маънавӣ! Яъне, ҷониби нодонӣ, ғофилӣ, ҷаҳолатпарастӣ қадам мениҳем. Теша ба решаи андеша зада, аз асли худ дур мешавем. Насли нохудогоҳро тарбия мекунем.
Инак, фурсате расидааст, ки дар ин маврид ҷиддан фикр кунем. «Замони газетахонӣ гузашт», «обуна маҷбурӣ не», «рӯзнома саривақтӣ дастрас намегардад», «нархи обуна қимат», «мақолаҳои хонданӣ чоп намешавад» барин баҳонаҳоро аз сар дур созем. Зеро агар ба таърихи рӯзномаҳо назар кунем, аён мешавад, ки онҳо танҳо барои суръат бахшидани рушди ҷамъият, ташаккули шуур, афзунсозии дониш, таҳкими худшиносиву худогоҳии мардум хидмат кардаанд. Имрӯз низ ҳаёти давлатҳои мутараққӣ ва мардуми онҳоро бидуни васоити ахбори умум – нашрияҳои чопӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, намояндагони пешсафу пешқадам, соҳибобрӯву соҳибэҳтиром, яъне қишри зиёии ҷомеаи моро зарур аст, ки дар ин самт намуна гарданд ва ба мусоҳибу зердастон на бо суолҳои «Ҳозир ҳам одамон газета мехонанд-мӣ?» ё «Ҳозир кӣ радио гӯш мекунад?», балки бо даъватҳое чун «Ҳама бояд китобу рӯзнома хонад, ба театру осорхона равад, гуфторҳои ибратбахшро гӯш ва барномаҳои фарҳангиро тамошо кунад», муроҷиат намоянд.
Набояд фаромӯш кард, ки газета хондан, умуман мутолиа, донишро мустаҳкам, иродаро қавӣ, маънавиятро воло намуда, ба инсон мушоҳидакорӣ, интизом, дақиқназариро меомӯзад. Ва мо танҳо бо ин роҳ, яъне тарғиби мутолиа метавонем пойдевори маънавии Ӯзбекистони Навро мустаҳкам гузорем.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД