Viber 

Viber 

Хуршед Мавлон

Он қадар мусрифамон кардаӣ, ногуфтанӣ!

Аз гуфтаҳои як донишҷӯ:

- Худам дарк мекунам, ки то замони Viber (Вайбер) надоштанам, таҳсилам дар донишгоҳ хеле хуб буд. Тақрибан як сол мешавад, ки ин барномаро дар телефони ҳамроҳам дуруст кардаам. Дар аввал ҳамсабақҳоям ба шавқ байни ҳам “Viber”-атро хондӣ, фалон чиз навиштам” гуфта, муколама мекарданд. Яқин маро нафарони атрофам водор намуданд, ки ин барномаро дар телефонам дошта бошам. Ҳатто ёдам ҳаст, боре назди декани факултет барои муҳр задани маълумотномаам даромадам, декан ба ман хитоб карда гуфт: “Як дақиқа сабр кун, дар Viber паёмак омадааст, кани бинам, баъд муҳр мезанам”. Viber-аш ин қадар чизи хуб будааст, ки ҳатто декани факулултет ҳам истифода мебарад, гуфтам ба дилам он замон. Дидам, ки хурду калон, писару духтар ҳама додаи он шудаанд. Ман ҳам азм кардам, ки онро дар телефонам ҷо ба ҷо кунам. Барои барномаи Viber маҷбур шудам, ки аввал телефонамро иваз кунам. Исрофкорӣ ва вақткушии ман аз ҳамон лаҳза шуруъ шуд. Аз ҳамсабақам хоҳиш кардам, ки дар телефонам Viber танзим кунад. Акнун ҳаёти маҷозиам сар шуд. Дар як синфхона дар дарс мешинему байни ҳам суҳбат мекунем. Суханҳои оддӣ, айнан ҳамин суҳбати муъмулии байниҳамӣ. Баррасии яон масъалаи муҳиму бароямон хеле дарориро дар Viber ба роҳ монем, не. Байни ҳамкурсон гурӯҳҳо дорем, суҳбат мекунем. Бо гузашти рӯзҳо чунон одат кардаам, мисли он ки як майзада аз май дилканда наметавонад. Дар як моҳ камаш 30 то 40 сомонӣ сарф мекунам. Бисёр шудааст, ки маблағи барои хӯрок ҷудо кардаамро, барои интернети телефонам сарф мекунам, то истифодаи Viber дастрас бошад. Дарк мекунам, ки ҳамаи вақтам беҳуда мегузарад, аммо дил кандан аз он душвор. Тасаввур кунед, саҳар аз хобам бедор мешавад, аввал Viber-ро хабар мегирам. Як-ду соат кор мекунам. Каме онро аз худам дур мекунам, аммо хаёлам ҳамоно банд аст. Баъди чанд лаҳза боз медароям. Дар донишгоҳ ҳангоми дарс бошад, қисми зиёди вақтамро дар истифодаи Viber мегузаронам. Чунон одат кардаам, ки рӯзамро бе Viber тасаввур карда наметавонам.

Шояд ин гуфтаҳои донишҷӯ ба ҳаёти аксрияти мо монанд бошад. Имрӯзҳо дар ҳама ҷо, сар аз дохили нақлиёт то ба донишгоҳу хонаву коргоҳ ҳама ба истифодаи Viber машғуланд. Чунон менамояд, ки ҳама кору фаъолиятамонро ба воситаи он пеш мебарем. Аммо дар асл, аксарият ба ҷуз аз суҳбатҳои беҳадафу бефоида чизе нест. Ба гуфтаи равоншинос Набиюллоҳ Суннатӣ, барномаҳои интернетӣ, ба мисли Viber, WhatsApp, IMO ё дигар месcенҷерҳо, ки имрӯз на фақат ба муоширати байни ҷавонон, балки ба тамоми сину сол табдил ёфтааст, инсонҳоро хаёлӣ ва аз ҳаёти реалӣ дур ардааст. Бештар боварии инсонро ба ҳаёти вертуалӣ зиёд мекунад. Баъзе ҷавонон ҳастанд, ки тақрибан 20 соати як рӯзи худро бо истифодаи ин гуна барномаҳо мегузаронанд. Ин амал ҷавонони моро бисёр танбал ва заиф мегардонад. Қобилияти эҷодиашонро кам мекунад. Онҳоро ба як қолаби шахшуда табдил медиҳад ва оянда ин онҳоро зери суол мебарад. Ин барномаҳо дар Аврупо, Амрико ва дар кишварҳои пешрафтаи Шарқ низ мавҷуданд, аммо назарпурсиҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба ҷавонҳои пешрафтаи он давлатҳо ҷавонони мо вақти зиёди худро сарфи ҳамин чизҳо мекунанд. Ба гуфтаи ӯ: “Барои дубора аз истифодаи чунин барномаҳо худро канор гирифтан, пеш аз ҳама бояд иродаи мустаҳкам дошт. Масалан, интернетро хомӯш карда, телефонро як сӯ мегузорем. Бе он ки фикрашро кунем, ба як кори дигар - китоб хондан, телевизор тамошо кардан, ба машқ машғул шавем. Аммо бояд дар фикрамон ин набошад, ки “пас аз ин машғулият рафта бинам, дар Viber-ам чанд паёмак омадааст”. Ин ҳолат беиродагии касро нишон медиҳад. Ва ҳар нафаре, ки аз чунин барномаҳо истифода мебараду вақташро мекушад, ба худ савол диҳад, ки “Барои чӣ истифода мекунаму аз он чӣ мегирам?” Доро Суҳробӣ як донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода мегӯяд, ки аз пушти Viber кам монда буд, хонданро партоям. Шабу рӯзам дар кор бо телефон мегузашт. Ӯ мегӯяд: “Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳон, хоса Тоҷикистонро, ҳамчун як узви ин ҷомеа, фазои шабакаҳои интернетӣ иҳота кардааст. Табиист, ба ин гирдоб пеш аз ҳама ҷавонон афтодаанд. Чунон вонамуд мешавад, ки гӯё бе интернет, хоса Viber ҳаёт бемаъност. Инак ду моҳ мешавад, ки худро аз муошират бо барномаи Viber дур гирифтаам. Қоил мешавам, ки вақте, ки Viber истифода мекардам, на вақти китобхонӣ доштаму на корҳоямро дар вақташ иҷро мекардам. Viber як хосияте дорад, ки худро ҳар лаҳза нохоста дар дохили он меёбӣ. Аз он рӯзе, ки аз Viber дур шудам, ҳам дарсамро дар вақташ мехонам ва ҳам супоришҳои раёсати донишкадаро пеш аз муҳлат иҷро мекунам. Истифодаи Viber хуб аст, аммо бояд фарҳанги истифодабарии онро омӯхт. Вақту соат ва ҳадафи муайян бояд дошт. Рӯзноманигор Лашкар Шарифов ба он назар аст, ки чи гуна истифода кардани Viber ба дӯстоне, ки ин барномаро истифода мебаранд, вобастагии калон дорад: “Ман танҳо дар доираи ҳамкоронам аз Viber истифода мебарам. Он ҳам ба хотири пурсидани ин ё он масъалаи муҳими корӣ”.

Ниҳояти калом, ҳар яки мо натанҳо аз Viber, балки аз ҳама намуди барномаҳо, ки вақтамонро “мекушанд”-у маблағамонро “мехуранд”, бояд бо самар ва мақсаднок истифода барем.

Эзоҳ: Барномаи Viber танҳо барои телефонҳои тамғаи Android, BlackBerry OS, iOS, Symbian, Windows Phone мебошад. Он аз рӯи рақами телефон дар хотираи махсус ҷойгир карда мешавад. Viber имконияти зангҳои бепул тавассути WiFi, алоқаи мобилии 3G ва 4G –ро (дар сурати пардохти маблағи интернет) байни телефонҳои бо Viber пайвастшуда дорад. Инчунин имконияти навиштани паёмакҳои матни, мусаввараҳо, наворҳо, наворҳои мусиқавӣ (аудиовидео)-ро дорад. Ҳамчунин базаи иловагии смайлик ва стикерҳо низ дар он фаъол аст. Тибқи омор дар моҳи декабри соли 2016 Viber 800 млн. нафар истифодабаранда дошт. Нахустин ғояи таъсиси Viber аз ҷониби Талмона Маркои исроилӣ ва шаҳрванди шаҳри советии Горкий Игор Магазиник сурат гирифтааст. Аввалин бор фаъолияти он моҳи декабри соли 2010 дар телефонҳои iPhone ба роҳ монда шуда буд. Тарҳи пешакии барои Android моҳи майи соли 2011 баромад, ки 50 000 истифодабаранда дошт. Шакли таёри он соли 2012 мавриди истифода қарор гирифт. 14 январи соли 2014 ширкати электронии Ҷопон Rakiter тасмим гирифт, ки Viber-ро ба маблағи 900 млн. доллар харидорӣ намояд. Дар ин бора моҳи январи ҳамон сол шартнома ба имзо расонид. Дар аввали соли 2013 барнома 200 млн. истифодабаранда дар 193 кишвари ҷаҳон дошт. Viber бо 30 забони дунё дастрас аст. Ин барнома ҳамасола милллионҳо доллар фоида меорад. Танҳо дар соли 2016 барои истифодаи Viber дар Русия зиёда аз 7,5 млн рубли русӣ масраф шудааст.

Report Page