Привет

Привет


Дар гузашта Яҳува талаб мекард, ки лашкари Исроил аз рӯйи қоидаҳои муқарраркардаи ӯ амал кунад. Масалан, баъзан Худо ба онҳо амр мефармуд, ки ба рақиби худ «шартҳои сулҳро» пешниҳод кунанд (5 Мӯсо 20:10). Инчунин Яҳува интизор буд, ки сарбозон худ ва ӯрдугоҳро ҷисман ва ахлоқан пок нигоҳ доранд (5 Мӯсо 23:9–14). Ҷанговарони халқҳои дигар баъд аз забт кардани сарзамине занҳои он ҷоро таҷовуз мекарданд, ҳол он ки Яҳува ба халқи худ кардани чунин корҳоро иҷозат намедод. Ҷоиз аст, ки, вақте исроилиён ягон сарзаминро забт мекарданд, сарбозон танҳо баъд аз як моҳ духтарони он ҷоро ба занӣ гирифта метавонистанд (5 Мӯсо 21:10–13).

Имрӯз аксар давлатҳо созишномаҳои байналмилалӣ бастаанд, ки ҳангоми ҷанг аз рӯйи қоидаҳои муайян амал мекунанд. Мақсади ин созишномаҳо ҳимоя кардани шаҳрвандони одӣ мебошад. Вале, афсӯс, аксар вақт қоидаҳои мазкур вайрон карда мешаванд.

5. ЯҲУВА БАРОИ ХАЛҚАШ МЕҶАНГИД

Яҳува ҳангоми ҷанг бо Ериҳӯ Роҳоб ва оилаашро зинда монд. Оё дар ҷангҳои имрӯза низ имондоронро зинда мемонанд?

Дар гузашта Яҳува барои исроилиён меҷангид. Аз ин рӯ аксар вақт онҳо муъҷизавор ғалаба ба даст меоварданд. Ду мавридро мегирем: Ба ёд оред, ки чӣ тавр Яҳува ба исроилиён кумак кард, то шаҳри Ериҳӯро забт кунанд. Аз рӯйи дастури Яҳува вақте онҳо «бо тамоми овоз наъра заданд, девор фурӯ ғалтид» (Юшаъ 6:20). Дар бораи ғалабаи халқи Худо бар амӯриён чӣ гуфтан мумкин аст? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува «аз осмон бар сари онҳо жолаҳои калон-калон меборонид... Дар натиҷа, онҳое, ки аз жоласангҳо мурданд, назар ба онҳое, ки аз дами шамшери исроилиён мурданд, бештар буданд» (Юшаъ 10:6–11).

Имрӯз Яҳува барои ягон миллат ҷанг намекунад. Подшоҳии ӯ, ки Шоҳаш Исо мебошад «аз ин ҷаҳон нест» (Юҳ. 18:36). Баръакси ин, тамоми ҳокимиятҳои инсонӣ дар таги дасти Шайтон мебошанд. Аз ин рӯ ҷангҳои даҳшатовар дар ин ҷаҳон рӯҳияи бади ӯро инъикос мекунанд (Луқ. 4:5, 6; 1 Юҳ. 5:19).


Report Page