Ӯ ситорае дар осмони маърифат буд...

     ЭЙ МУСУЛМОНОН, ФИҒОН АЗ ДАСТИ МАРГ,

     НА ҶАСАД МОНАД, НА ҶОН АЗ ДАСТИ МАРГ.

    Марги бераҳм, аҷали номуросо аз байни мо муаллими муаллимон, инсони комил, шахси фидоӣ, марди дарёдилу зиндадил устод Насим Ободовро абадан ҷудо намуд. Инак чанд рӯз аст, ки маҳтоби шомхӯрдаи Оҳалики дилрабо бе устод мебарояд. Чанд рӯз аст, фарзандону наберагон ва аберагони устод аз шахси барояшон бисёр азизу меҳрубон ҷудо шудаанд. Ҳазорон афсӯс, ки мо дигар насиҳатҳои дӯстонаву падаронаи ӯро намешунавем ва дидори поки устодро намебинем...

   Зиндагиномаи устод Насим Обидов хеле оддӣ буд. Ӯ 21-уми августи соли 1936 дар деҳаи хушманзараи Оҳалики ноҳияи Самарқанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи рақами 18 -уми ноҳияи Самарқанд гирифта, мактабро бо баҳои аъло хатм намудааст. Аз сабаби меҳри зиёд ба забони модарӣ доштан ҳуҷҷатҳои худро соли 1955 ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлати Самарқанд супурда, онро соли 1960 бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1960 бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон фаъолияти омӯзгории худро дар ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурияти Тоҷикистон оғоз намудааст. Барои ободӣ ва ривоч додани корҳои таълиму тарбияи шогирдони мактаби миёнаи рақами 10-уми ноҳияи Ҳисор солҳои 1962-1964 лавозими директори мактабро дар ӯҳда доштааст. Устод Насим Обидов соли 1964 ба Ватани азизаш баргашта, ҳамчун муаллими забони модарӣ ва адабиёт фаъолияти худро дар мактаби миёнаи рақами 18-уми зодгоҳаш давом додааст. Дар муддати 11-сол ба вазифаи мудири илмӣ фаъолият намуда, аз соли 1982 то соли 2007, яъне дар давоми 25 сол лавозими директори мактабро бар зимма доштааст. Дар давоми фаъолияти худ мактабро ба яке аз мактабҳои беҳтарини ноҳия баровардааст. Таҳти роҳбарии Насим Обидов давоми ин солҳо биноҳои нави таълимӣ, майдонҳои варзишӣ, боғҳои атрофи мактабро обод намудааст. Шогирдони мактаб дар давоми фаъолияти устод дар озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриятӣ ба таври доимӣ иштирок кардааст. Баъди ба нафақа баромадан бо таклифи ҳокимияти ноҳия вазифаи раиси маҳаллаи Оҳаликро бар дӯш гирифта, барои обод намудани зодгоҳи худ меҳнатҳои фидокорона намудааст.

      Мақсаду мароми устод Насим Обидов дониши хонандагонро ба андозаҳои баланд расондан, ҳар як хонандаи мактаб дар оянда соҳиби касб ва илми муносиб шуда, дар ҷамъият ҷои муносибро ишғол кардан буд. Муаллим доимо аз аҳволи шогирдон бохабар буда, бо насиҳатҳои падаронаи худ барои баланд бардоштани самараи дониши хонандагон дар дили шогирдон ҷой гирифта буд. Бояд зикр намуд, ки дар рӯзи дафни устод Насим Обидов тамоми мардуми Оҳалик ҷамъ омада буданд. Дар митинги хотиравӣ аз номи тамоми муаллимон, ходимони маорифи ноҳияи Самарқанд директори мактаби миёнаи рақами 18 шогирди устод Ашурбой Шомахмедов ба сухан баромада, хизматҳои шоёни муаллимро ба ҳозирон баён намуда, ҳамдардии ҷамъомадагонро ба аҳли оилаи устод расондааст. Ҳаёти тай намудаи аълочии маорифи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Насим Обидов барои авлодҳои ояндаи мо ҳамчун намунаи барчастаи меҳнатдустӣ, садоқат ба касб, илмро ситоиш намудан абадан нақш хоҳад баст. Имрӯзҳо мо ба аҳли хонадони устод Насим Обидов ҳамдардии чуқур изҳор намуда, илоҳо хонаи охирататон обод, ҷоятон ҷаннат бод, мегӯем. Аз забони Саъдии бузургвор гуфтанием:

ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ НАКӮНОМ ЗИСТ,

К-АЗ АҚИБАШ ЗИКРИ ХАЙР ЗИНДА КУНАД НОМРО. 




Report Page