📚

📚

@darsxoitavhid

Навоқизи (шиканандаҳои) Ислом

Мақсад ба он фосидкунандаҳо ва ботилкунандаҳои он аст ва он бисёр аст, лекин хатарноктарини он ва бисёртарини он аз рӯи воқеъ шудан даҳтост:

Якум: Дар ибодати Аллоҳ шарик овардан. Ва аз ҳамин қабил аст, барои ғайри Аллоҳ мол куштан, монанди касе ки барои ҷин, ё қабр мол мекушад. Далел фармудаи Ӯ سبحان و تعالى :

"Ба дурусти Аллоҳ касонеро, ки ба Ӯ шарик овардаанд, намебахшад. Ва ҳамаи гуноҳони дигарро барои ҳар ки бихоҳад, меомӯрзад". (Сураи Нисо, ояти:116)

Дуввум: Шахсе ки байни худ ва байни Аллоҳ воситаҳо (миёнарав) мегирад, ононро ба дуо муроҷиат намуда ва аз онон шафоат талаб менамояд ва ба онон таваккал мекунад, пас ба таҳқиқ ба иҷмоъ кофир мешавад.

Сеюм: Шахсе, ки мушриконро кофир нашуморад, ё дар кофирии онҳо шак намояд, ё мазҳаби онҳоро дуруст гӯяд кофир мешавад.

Чорум:Шахсе эътиқод намояд, ки роҳнамои ғайри Паёмбар صلى الله عليه و سلم пурратар аз роҳнамоии Ӯст, ё ҳукми ғайри Паёмбар صلى الله عليه و سلم аз ҳукми Ӯ хубтар аст, монанди касоне, ки ҳукми тоғутҳоро аз ҳукми Аллоҳ беҳтар медонанд, пас он кофир аст.

Панҷум:Шахсе чизеро, ки صلى الله عليه و سلم ба он омада аст бад бинад ва агарчи ба он амал намояд, кофир мешавад.

Шашум:Шахсе чизе аз дини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ё савобаш, ё азобашро истеҳзо (масхара) намояд, кофир мегардад.

Ва далели ин фармудаи Ӯ таъолост:

"Бигӯ! Оё ба Аллоҳ, оятҳои Ӯ ва фиристодаи Ӯ истеҳзо ( масхара ) ва бозӣ мекардед, дигар узр напурсед, дар ҳақиқат пас аз имон оварданатон кофир шудед". (Сураи Тавба, ояти:65-66)

Ҳафтум:Сеҳр (ҷоду) ва сарфу атф (гармию хунукӣ) аз ҷумлаи сеҳр аст. Пас касе онро ба ҷо орад, ё ба баҷо овардани он розӣ шавад, кофир мешавад. 
Ва далел фармудаи Ӯ таъоло аст:

"Ҳеҷ касро он ду (Хорут ва Марут), чизе таълим надиҳанд, то он ки ба ӯ бигӯянд: Ҳамоно мо фитна (озмоиши бандагон) ҳастем, пас кофир нагар- дед". (Сураи Бақара, ояти:102)

Ҳаштум: Ёрию нусрат додани мушрикон ба ғалаба ёфтани онҳо бар мусалмонон.

Ва далел фармудаи Ӯ таъолост:

"Агар касе аз шумо онҳоро дӯст бигирад ӯ низ аз онҳост. Албатта Аллоҳ гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад". (Сураи Моида, ояти:51)

Нуҳум: Шахсе эътиқод намояд, ки баъзе одамонро аз дини Муҳаммад صلى الله عليه و سلم баромадан мумкин аст, пас ӯ кофир аст ва далел фармудаи Ӯ таъолост:

"Ҳар ки ғайр аз Ислом дини дигареро бихоҳад, аз ӯ пазируфта намешавад. Ва Ӯ дар қиёмат аз зиёндидагон бошад". (Сураи Оли Имрон, ояти:85)

Даҳум:Аз дини Аллоҳ рӯй гардонидан, яъне онро таълим намегирад ва ба муҷиби он ( қонунҳояш ) амал намекунад. (Куфр)

Далели ин фармудаи Ӯ سبحان و تعالى:

"Ҳеҷ кас золимтар нест аз шахсе ки ба оятҳои Парвардигораш панд дод шуд, сипас аз он рӯй гардонид. Албатта мо аз гунаҳгорон интиқомгирандагонем". (Сураи Саҷда, ояти:22)

Ду танбеҳ: Якум:Дар ҳамаи ин шиканандаҳо фарқ байни масха- ракунанда, ҷиддияткунанда, тарсанда нест, ба ҷуз шахси маҷбур карда шуда.

Дуюм:Ҳамаи ин шикананда бузургтарин хатаранд ва бисёртар мардум дар инҳо воқеъ мешаванд. Пас барои мусалмон воҷиб аст, ки аз инҳо парҳез намояд ва дар воқеъ шудани он битарсад.


Report Page