📚

📚

@darsxoitavhid

Қавли имомони чаҳоргона бар ин ки Аллоҳ болои Арш аст.


Бародарони муҳтарам, ба ёд доред, ки агар барои тақлидкунандагон аз Қуръону Ҳадис бигӯем, мегӯянд: Ман ҳанафӣ ё шофеъиям... Аммо ин ҷо барояшон роҳи гурезро намегузорем, биизниЛлaҳ, зеро ҳам аз Қуръону ҳам аз аҳодис ва ҳам аз имомҳояшон барояшон исбот мекунем.


Имом Абӯҳанифа раҳимаҳуллоҳ мефармояд: Касе гӯяд, ки ман намедонам, ки Аллоҳ бар боло аст ё бар замин, ӯ кофир мешавад. Зеро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд, ки Аллоҳ бар Арш аст, фавқи ҳафт осмон мебошад. ( Фиқҳи Акбар, саҳ. 5 )


Ҳанафиҳои азиз: Ҳоло роҳи гурез надоред, ҷуз ин ки ё қабул кунед, ки Аллоҳ бар Арш аст ва ҳанафии дуруст шавед ё ин ки ба фатвои Абӯҳанифа кофир ҳастед ва муқаллиди (тақлидкунандаи) Ҷаъд бин Дирҳам мешавед. Ин ҷо мусалмонон шуморо мешиносанд, ки оё дар ақида пайрави Имом Абӯҳанифа ҳастед ё танҳо дар масоили истинҷо.


Имом Молик раҳимаҳуллоҳ Зоти Аллоҳро дар болову илми Аллоҳро дар ҳар макон медонад. Аслан ҷойеро берун аз илми фарогири Аллоҳ намепиндорад.(  Зоти Аллоҳ дар ҳама ҷо ё фавқи Арш, саҳ. 77 ) 

Имом Молик (алайҳи раҳматуллоҳ) ақидааш дар мавриди истиво ва дар мавриди сифоти илоҳӣ, - ҳамон ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат аст, ақидаи исбот ва иқрор.

Ҳамчуноне ки дар бораи имом АбуҲанифа (раҳимаҳуллоҳ) мегӯем, ки ақидааш мисли дигар имомони суннат аст.

Имом АбуҲанифа ва ё имом Молик ақидаи хоссе надорад, ки аз соири имомони суннат фарқе кунад.

Имом Абдураҳмон ибни АбиҲотим аз падараш АбуҲотими Розӣ ва аз АбуЗуръаи Розӣ (ду имоме аз имомони суннат) нақл мекунад, гуфтаанд:

 

أدركنا العلماء في جميع الأمصار حجازا وعراقا وشاما ويمنا فكان من مذهبهم...

وأن الله عز وجل على عرشه بائن من خلقه كما وصف نفسه في كتابه ، وعلى لسان رسوله صلى الله عليه وسلم بلا كيف ، أحاط بكل شيء علما ، ليس كمثله شيء وهو السميع البصير.

“Мо (замони атбоъи тобиъин аст) уламои тамоми манотиқро Ҳиҷоз ва Ироқ ва Шом ва Яманро дарёфтем ки мазҳабашон чунин буд...

Ва инки Аллоҳ азза ва ҷалла бар аршаш ҳаст, аз махлуқот ҷудост, чӣ тавре ки худро дар китобаш, ва бар забони расулаш (салому дурӯди Аллоҳ бар ӯ) васф кардааст, бидуни чигунагӣ. Бо илмаш ҳама чизро фаро гирифтааст, нест мисли Ӯ таъоло чизе, ва Ӯ шунавову биност”. (Улувви имом Заҳабӣ, саҳ. 188, ва имом Лолакоӣ дар “Шарҳи усули эътиқоди аҳли суннат”, 1/318-320).


Ва имом Ибни Батта (алайҳи раҳматуллоҳ) иҷмоъи мусалмононро нақл мекунад дар ин ақида:

أجمع المسلمون من الصحابة والتابعين أن الله على عرشه فوق سمواته بائن من خلقه.

“Мусалмонон аз саҳобаву тобиъин иҷмоъ доранд бар инки Аллоҳ бар аршаш мебошад, болои осмонҳояш, ҷудо ҳаст аз махлуқоташ”.

Ва ин иҷмоъро ки имом Ибни Батта нақл кардааст, имом Заҳабӣ дар китоби Ъулувваш меорад.

Ва Заҳабӣ аз имом Ибни Батта дифоъ мекунад (гӯё ки сангест бар даҳони баъзе талбисгарон):

وكان ابن بطة من كبار الأئمة ذا زهد وفقه وسنة واتباع وتكلموا في إتقانه وهو صدوق في نفسه.

“Ибни Батта аз кибори аимма буд, соҳиби зуҳд ва фиқҳ ва суннат ва иттибоъ, ва дар бораи итқонаш (дар ривоят) сухан гуфтаанд уламо, ва ӯ садуқ аст дар нафси хеш”.



Имом Шофеъӣ раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Дар маҷмӯъи эътиқодот ва боварии мо, имон ба Аллоҳи ягона, рисолати Муҳаммад صلى الله عليه و سلم ва будани Аллоҳ фавқи Арш бар болои осмон мебошад. ( Иҷтимоъ, саҳ. 670 ) 


Аз Имом Аҳмад раҳимаҳуллоҳ савол карда шуд, ки оё Аллоҳ Азза ва Ҷал ҷудо аз махлуқ буда, болои Арш бар болои осмони ҳафтум аст ва қудрату илми Ӯ ҳама ҷоро фаро гирифтааст? Имом Аҳмад раҳимаҳуллоҳ дар ҷавоби гуфт, ки бале. (  Манбаъи қаблӣ. ) 


Яъне Имом Аҳмад раҳимаҳуллоҳ низ ақида дошт, ки Аллоҳ аз махлуқ ҷудо буда, болои Арш болои осмони ҳафтум мебошад ва қудрату илми Ӯ ҳама ҷоро фаро гирифтааст.


Чӣ касе мегӯяд, ки Аллоҳ бар Арш нест?


Аз ҷумлаи касоне, ки ба фавқияти Аллоҳ болои Арш эътиқод надоранд, Ҷаҳмиҳо ҳастанд. Тамоми уламо Ҷаҳмия ва Ҷаҳм ибни Сафвон, муассиси Ҷаҳмияро такфир кардаанд. Абӯбакр ибни Хилол, Алӣ ибни Осим ва Имом Бухорӣ ҷаҳмияҳоро ба сабаби ин ки мегӯянд: Аллоҳ бар Арш нест, кофир ва зиндиқ (касоне, ки даъвои мусалмонӣ мекунанд, аммо зидди Ислом суҳбат мекунад) мегӯянд. “Халқ афъолул ибод”, яке аз китобҳои машҳури Имом Бухорӣ раҳимаҳуллоҳ, саҳ. 139 


Аз ҷумлаи касоне, ки истиво бар Аршро қабул надоранд, Мотуридиҳо мебошанд, ки уламо бар гумроҳ будани онҳо иттифоқи назар доранд.

Хулоса ин ки ба иттифоқи аҳли илм касе, ки бигӯяд: Аллоҳ бар Арш нест, ӯ кофир ва хориҷ аз Ислом мешавад.


Оё мурод аз истиво (استوى)  иставло аст?


Дар зер ба шубҳае мепардозем, ки баъзеҳо ақида доранд, ки оё мурод аз истиво ин иставло аст? Тафсири "Истиво" ба "Иставло" як таъбири комилан иштибоҳ ва як падидаи ихтироӣ ва худсоз аст. Ин тафсир дар муқобил бо тафсири салафи солеҳ, асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, тобеъин ва табаъи тобеъин қарор дорад. Ин тафсир барои муқаллидин (тақлидкунандагон) аз ҷаҳмиҳо ва муътазилиҳо мерос мондааст.


Имом Абдулазиз мефармояд: Ҷаҳмиҳо гумон мекунанд, ки "Истиво" ба маънои "Иставло" аст, ки ин комилан хилофи равиши салаф буда ва таҳриф дар дин мебошад.


Хулоса дар мавриди истиво бар Арш.


- Мо дар андеша пайрави салаф (Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, саҳоба, тобеъин ва табаъи тобеъин) ҳастем.


- Аллоҳ Таъоло дар болои осмони ҳафтум, фавқи Арш аст, монанди ҷаҳмиҳо нахоҳем гуфт, ки Аллоҳ ин ҷо дар замин аст.


- Фавқияти Аллоҳ бар Арш дарбаргирандаи макон нест, яъне лафзи “макон”- ро намешавад аз фавқияти Аллоҳ бар осмон будан гирифт. Ё ба истилоҳе мо наметавонем бигӯем, ки фавқияти Аллоҳ бар Арш дарбаргирандаи макондории Аллоҳ аст, зеро ки ин амри ғайб аст.


- Таъбири Афлотун ва пайравони ӯ аз макон, иддаеро ба марази Ҳулулия гирифтор намуд. (Ҳулулия, яъне касоне эътиқод доранд, ки Аллоҳи Таъоло дар ҳамо ҷо ҳаст.)


- Фавқияти Аллоҳ Таъоло бар Арш дар дили ҳар мусалмон мутамарказ аст. Яъне фитратан ҳар мусалмон гувоҳ бар он мебошад, ки Аллоҳ дар болои ҳафт осмон бар Арш аст.


- Ҳар кас Аллоҳро ба махлуқ ташбеҳ кунад, кофир аст.


- Имом Абӯҳанифа раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: Ҳар кас бигӯяд: Аллоҳ бар

Арш нест, ӯ кофир аст.


- Ҷаъд назарияи инкори фавқияти Аллоҳ бар Аршро аз яҳуд омӯхт.


- Холид ибни Абдуллоҳи Қасрӣ гуфт: Ман Ҷаъдро ба ҳалокат мерасонам.

Аллоҳи бузург ба ҳамаи мо тавфиқ диҳад.


Report Page